Сарояндаи шинохтаи тоҷик Шабнами Собирӣ дар саҳифаи инстаграми худ барои бозхонии мисраҳои суруди ҷадидаш бо номи “Монанди ман ошиқ ба ҷаҳон, ёр наёбӣ” бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ “челлендж” эълон намудааст.

Сароянда шартҳои озмунро дар саҳифаи инстаграми худ чунин шарҳ додааст: Нафари аввалро худи сароянда аз рӯйи лабхонии зебо ва диққатҷалбкунандааш интихоб мекунад ва ба ӯ дастмонаи тилло бо арзиши 10 ҳазор сомониро тӯҳфа менамояд.  

Интихоби ҷои 2-юм ва 3-юм чунин аст: Сарояда наворро дар саҳифаи инстаграмии худ мегузорад, ҳар он наворе, ки дар шарҳаш гумораи зиёли “беҳтарин”-ро мегирад ғолиб интихоб карда мешавад. Ҷойи дуюм сазовори 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ мегардад.

Инчунин дар озмун боз бонус низ вуҷуд дорад.

“Дар зери наворе, ки Шабнами Собирӣ бо Баҳриддини Сабур омода карданд дар саҳифаи инстаграмии Шабнам гузошта шудааст. Шумо метавонед дар зери ин ролик се нафар дӯстатонро даъват созед ва иштирокчии ин бонус шавед”,- қайд кардааст сароянда.

Ғолиб бо генератор интихоб карда мегардад ва ӯ соҳиби телефони мобилӣ САМСУНГ А51мешавад.

Шарти асосии озмун ин аст, ки бояд иштироккунандагон ба саҳифаи инстаграмии Шабнами Собирӣ бояд обуна бошанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here