Сафина Ғоибова модели тоҷик Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии “Miss Intercontinental” муаррифӣ мекунад.

Озмуни мазкур аз 5 то 22-юми декабр дар Миср баргузор мегардад ва дар он духтарони 90 кишвари дунё дунё иштирок мекунанд.

Ӯ дар ин бора дар саҳифаи инстаграми худ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ ин яке аз воқеаи бузург дар ҳаёташ мебошад.

“Имрӯз мехоҳам ба Шумо оиди яке аз воқеаҳои бузурги ҳаёти худ бигӯям. Хеле вақт шуда буд, ки оиди касби моделии худ ба Шумо маълумоте надода будам, акнун мехоҳам бигӯям, ки Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи байналмилалии “Miss Intercontinental” муаррифӣ менамоям. То ин вақт ба он хотир нагуфтам, ки ҳамааш дар охирин лаҳза маълум шуд”, – навиштааст ӯ дар саҳифаи инстаграми худ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Сафина дар озмуни моделҳои беҳтарини Иттиҳоди давлатҳои мустақил (” Топ-модель СНГ”) сазовори ҷои дуввум гардида буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here