Ҳунарпеша ва овозхони ҷавони амрикоӣ Селена Гомес аз ҷониби мутахассисони платформаи “Hypeаuditor” машҳуртарин чеҳраи шабакаи Инстаграм дониста шудааст.

Саҳифаи ӯ 152 миллион обуначӣ дошта, ҳар як акс ва ё навори гузоштааш то 3,6-4 миллион лайкро соҳиб мешавад ва ба зиёда аз 100 ҳазор шарҳ ҷавоб додан ғайри имкон аст.

Маҷаллаи бритонии “The Sun” менависад, ки 58%-и обуначиёни саҳифаи Селенаро занҳо ташкил дода, 14%-и онҳо дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд.

Ҷои дуюмро миёни чеҳраҳои машҳури шабакаи Инстаграм футболбозӣ машҳури португалӣ Криштиану Роналду ишғол кардааст. Саҳифаи ӯ 170 миллион обуначӣ дошта, ҳар як аксу навораш то 2,8 миллион лайкро соҳиб мешавад.

Кайли Ҷеннер, модел, соҳибкор ва ҷавонтарин миллиардери ҷаҳон дар соли 2019 бо 137 миллион обуначӣ пас аз Селена ва Роналду ҷои сеюмро ишғол кардааст. Ӯ ҳамагӣ 21 сол дорад ва ҳар як акс ё навори дар саҳифааш гузоштааш то 3,6 миллион лайк мегирад.

Ҳамин тавр, овозхон ва раққосаи амрикоӣ Бейонсе бо 128 миллион обуначӣ ва футболбози аргентинӣ Лионел Месси бо 121 миллион обуначӣ зинаҳои чоруму панҷумро ишғол кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here