Қадами Қурбон, овозхони сертамошобини шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухлисонаш мошин интизор аст ва умед дорад, ки рӯзе барояш мошин ҳадя мекунанд.

Навори мазкур санаи 18-уми майи соли равон дар канали “Peshsaf” дар шабакаи YouTube нашр гардида, то имрӯз онро зиёда аз 200 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

“Номам, ки Қадам аст, фақат пиёда мегардам. Аз гаштани зиёд пойҳоям дардманд шудаанд. Худованд ба мухлисонам инсоф диҳад ва агар онҳо номус дошта бошанд, як “балон”-у як “рул” ҷамъ кунанд, ягон мошин мешавад”,-мегӯяд овозхон ҳазломез дар рафти сӯҳбат.

Ровии канали “Peshsaf” Баҳриддини Сабур ба мухлисон ваъда медиҳад, ки ба Қадами Қурбон як суруд бо намоҳангаш ҳадя хоҳад кард, чуноне ки Ҷонибек Муродов таронаи “Азизам”-ро бо намоҳангаш ҳадя карда буд.

Қадами Қурбон овозхони собиқадор нест, вале дар муддати начандон тӯлонӣ маҳбубияти зиёд ба даст овард ва таронаҳои ҳаҷвии ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо нафар тамошо кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here