Иттиҳодияи эҷодии “T&Z” ҳамчун созмондиҳандаи расмии ҳафтаи мӯд мавсими чаҳоруми “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон”-ро оғоз мекунад.

Баргузории ин чорабинӣ давоми се рӯз, аз 7-ум то 9-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Hyatt Regency Dushanbe” дар назар аст.

“Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” (“Tajikistan Fashion Week”) чорабинии сатҳи байналмилалиест, ки ҳамасола мардуми кишварҳои гуногунро ба ҳам меорад ва барои тарроҳони ҷавону навкор ба сӯйи фардо роҳ мекушояд.

Мавсими чаҳоруми “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” (“Tajikistan Fashion Week”) боз ҳам номҳои навро кашф хоҳад кард ва ба тарроҳон имконият фароҳам меорад, ки худро дар ин самт бори дигар бисанҷанд ва бо тарроҳони дигар кишварҳо табодули таҷриба кунанд.

“Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” ба тақвими байналмилалии мӯд дохил гашта, намоишҳо соле ду маротиба дар мавсими баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон бо мақсади пешрафти касбият дар соҳаи мӯдпарастии Тоҷикистон ва эътироф дар кишварҳои дигар сурат мегирад.

Лоиҳа бо ҷалби тарроҳони машҳурӣ ҷаҳонӣ, рӯзноманигорон ва харидорон аз тамоми дунё дар Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, бо ин роҳ робитаҳоро барқарор ва густариш медиҳад. Дар доираи чорабинӣ санъаткорони шинохта Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Аброр Назаров ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки дар “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” (“Tajikistan Fashion Week”) намоиши либосҳои тарроҳон аз кишварҳои Русия, Украина, Туркия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва худи Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here