Суруди ҷадиди Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ, сарояндаи халқии Тоҷикистон, “Ҷавонӣ намеравад” унвон гирифтааст. Таронаи мазкур рӯзи 9-уми апрел дар канали “Positive Production” дар шабакаи YouTube пахш гардид ва мухлисон бо меҳру самимият онро тамошо кардаву баҳои баланд дода истодаанд.

Тахминан чанд сол қабл Афзалшоҳ Шодиев суруди “Ҷавонӣ рафт”-ро сароида буд ва хурду бузург онро хуб пазируфта буданд. Бо гузашти чанд муддат аз байн овозхон тасмим гирифт, то сурудеро баръакси гуфтаҳои “Ҷавонӣ рафт” бисарояд, ки ин ҳам “Ҷавонӣ намеравад” мебошад. Шеър моли шоир Озарахш буда, бо хоҳиши худи овозхон иншо гардидааст.

Сароянда дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори сомонаи “Padida” чунин қайд кард:

“Баъди сурудани суруди “Ҷавонӣ рафт” мардум маро дар кӯчаҳо қапида мегуфтанд, ки вақте ин сурудро гӯш мекунем, диламон зиқ мешавад. Ман бошам, аз Озарахш хоҳиш намудам, ки як шеъри “Ҷавонӣ намеравад” бинависад, то мардум каме ҳам бошад, шод шаванд”.

Афзалшоҳ Шодиев соли 1962 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1979 баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода месупорад ва онро соли 1983 бомуваффақият хатм менамояд. Аз соли 2008 инҷониб сарояндаи халқии ҷумҳурӣ буда, имрӯзҳо фаъолияти худро ҳамчун директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев давом дода истодааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here