Овозхони халқии Тоҷикистон, Афзалшоҳ Шодиев санаи 24-уми майи соли равон аз бемористони шаҳри Дюсселдорфи Олмон мураххас шудааст, хабар медиҳад сомонаи “Оила”.

Ба иттилои манбаъ, овозхон 15 рӯзи дигар дар хона табобати амбулаторӣ мегирад ва сипас ба Тоҷикистон бармегардад.

“Ман дар Ватани худамон аз ташхис гузаштам, вале таҷҳизоте, ки барои ҷарроҳии бемории рӯда лозим буд, дар кишвари мо нест. Ба ҳамин хотир ман ба Олмон сафар кардам ва ҳамсару духтарам маро ҳамроҳӣ мекунанд”,-гуфтааст Афзалшоҳи Шодӣ дар рафти сӯҳбат.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки дур аз мухлисон бекор нанишаста, ба омода намудани таронаҳои нав машғул аст ва суруди ғарибӣ дар ҳоли омодашавист.

Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ аз бемории рӯда ранҷ мебурд ва санаи 8-уми майи соли ҷорӣ дар бемористони Олмон ҷарроҳӣ шуд. Имрӯз ҳолати овозхон хуб буда, ба саломатияш хатаре таҳдид намекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here