Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев баъди консерти деринтизораш дар шаҳри Хуҷанд барои ҷарроҳӣ дубора ба Олмон хоҳад рафт.

Барномаи консертии ваъдагии овозхон санаҳои 7-8-уми август дар толори Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор гардид. Қаблан ин консерт бо сабаби беморӣ ва ҷарроҳӣ шудани овозхон ба таъхир афтода буд.

Рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” аз қавли Афзалшоҳ Шодиев менависад, ки табобати овозхон пурра ба анҷом нарасидааст ва ӯ дубора ба Олмон барои ҷарроҳӣ хоҳад рафт.

“Табобати ман ҳоло ба пуррагӣ анҷом наёфтааст ва санаи 17-уми август ман дубора барои ҷарроҳӣ ба Олмон меравам. Табибон ба ман иҷозати сурухонӣ доданд, вале аз ҳад зиёд не. Ба мардуми Хуҷанд ваъда дода будам ва ба ҳамин хотир ин консертро баргузор кардам”.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки бо сабаби бад будани вазъи саломатияш дар дигар шаҳру ноҳияҳо баромад карда наметавонад ва пас аз пурра шифо ёфтан ҳатман силсилаконсертҳои худро баргузор хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин консерти овозхон баъди ҷарроҳӣ шуданаш дар яке аз бемористонҳои шаҳри Дюсселдорфи Олмон мебошад. Дар консерти мазкур як қатор суруду оҳангҳои тозаэҷод низ садо додааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here