“Тамошобинон ба по хеставу қарсак мезаданд ва чун ӯ таронаи русии “Ман чӣ гуна меравам…”- ро суруд, худи ректори Консерватория А. И. Свешников давон ба саҳна баромад, Аҳмадро ба оғӯш кашид ва гуфт: Афсӯс, ки баҳои “6” нест, вагарна ман онро ба ту мемондам”.

Аҳмад Бобоқулов аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои санъати тоҷик буда, 17-уми январи соли 1931 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи сароянда ва мусиқинавози мардумӣ Бобоқул Файзуллоев ба дунё омадааст. Хатмкардаи Консерваторияи шаҳри Маскав (1954) мебошад. Аҳмад Бобоқулов сарояндаи беҳамтои шашмақом ба ҳисоб рафта, дар сароидани сурудҳои якка чеҳраи маъруфи давр буд.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1954 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шурӯъ кардааст. Аз соли 1956 то соли 1966 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кору фаъолият карда, соли 1966 дубора ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргаштааст.

Бо даъвати марҳум Муҳаммад Осимӣ дар дастаи эстрадии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон муддате таронасароӣ кардааст. Худи Осимӣ ҳам замони Раиси Шӯрои вазирон буданаш, бо тавсияи Камол Айнӣ ӯро ба шашмақом баргардондааст. Камол Айнӣ ба Муҳаммад Осимӣ гуфтааст, ки дар эстрада Аҳмад Бобоқуловро метавонанд чун беҳтарин сарояндаи шашмақом аз даст диҳанд.

Ба кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Индонезия, Канада ва Покистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Ӯ шахсияте буд, ки хеле номаълум шӯҳрат пойдо кард ва боварӣ надошт, ки шашмақомро то ба ин дараҷа мерасонад.

Машҳуртарин таронаи мавсуф “Республикаи ман” мебошад, ки то ҳол дар иду ҷашнҳо садо медиҳад. Оҳангаш моли Шарофиддин Сайфиддинов буда, шеър аз Боқӣ Раҳимзода ва Муҳиддин Фарҳат мебошад. Дар  асл ин тарона супоришӣ буда, бахшида ба ҷашни 50-солагии Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон эҷод шудааст. Аҳмад Бобоқулов ин сурудро бори аввал дар Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав сурудааст.

 “Ман мусиқиро маҳз барои Аҳмад Бобоқулов навишта будам ва ҳатто барои он ки ба овози ӯ мувофиқ ояд, бо муаллифон панҷ ё шаш маротиба матни сурудро тағйир додем. Аҳмад Бобоқулов онро бо оркестри масковӣ сабт кард ва хеле ҷаззоб суруд. То ба имрӯз касе ба сурудани ин тарона ба пояи ӯ нарасид. Дигарон низ хуб мехонанд, вале иқрор мешавам, ки ба ҳар ҳол на ба монанди ӯ”, – гуфтааст Шарофиддин Сайфиддинов.

Муддате ба омӯзгорӣ низ машғул шудааст. Аз соли 1966 мудири кафедраи вокалии факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ва аз соли 1973 мудири кафедраи тарбияи мусиқии донишкадаи номбурда будааст.

Шогирди муваффақи Аҳмад Бобоқулов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов хотиротеро аз рӯзҳои охирини таҳсили Аҳмад Бобоқулов дар Консерваторияи шаҳри Маскав аз забони омӯзгораш Василий Федорович Карин чунин нақл кардааст.

“Дар толори хурди Консерватория, ки 500 ҷойи нишаст дошт, мунтазири ҳунарнамоии хатмкунандагон буданд. Бояд фаъолияти пешаздипломии онҳоро арзёбӣ мекарданд. Дар аввал донишҷӯ аз Булғористон, ки як ҷавони баландқомат ва шонапаҳне буд, баромад кард ва ба истиқболи гарму гулборони бинандагон рӯ ба рӯ гардид. Баъди ин вай дар изтироб монд, ки Аҳмади ӯ чӣ гуна хоҳад сароид, дар ҳоле ки булғор толорро комилан тасхир кард. Ва ногаҳон ба саҳна ҷавони резапайкар, лоғар бо дастони кӯтоҳ намудор мешавад. Се тарона месарояд. Баъди суруди сеюм ба гуфтаи Карин аз шӯҳрати чанд лаҳза пеши булғор осоре дар толор намемонад. Тамошобинон ба по хеставу қарсак мезаданд ва чун ӯ таронаи русии “Ман чӣ гуна меравам…”- ро суруд, худи ректори Консерватория А. И. Свешников давон ба саҳна баромад, Аҳмадро ба оғӯш кашид ва гуфт: Афсӯс, ки баҳои “6” нест, вагарна ман онро ба ту мемондам”.

Дорандаи унвонҳои Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон (1954), Ҳунарманди халқии Тоҷикистон (1957), Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (1971) ва ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1966) мебошад. Барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи санъат бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалҳои дигар қадрдонӣ шудааст.

Бурҳон Маматқулов мегӯяд, ки охирин бор бинандагон ӯро охирҳои моҳи апрели соли 1990 рӯи саҳна диданд. Он сол дар Тоҷикистон 1400 солагии Борбади Марвазӣ таҷлил мешуд.

“Духтурон ба устод манъ карда буданд, ки таросароӣ кунад, чун каме пештар аввалин сактаи дилро пушти сар гузошта буд. Вале ӯ исрор варзид, ки бо ҳам бихонем ва мо ноилоҷ розӣ шудем. Ману устод ва Асадулло Атовуллоев дар саҳнаи консерти идона суруди “Таронаи баёт”-ро иҷро кардем. Мо ӯро зери дастонаш медоштем, чун устоди нимбемор хеле ба мушкил сари по меистод. Ҳарчанд ман гуфта будам, ки ин мушкил аст, вале устод исрор кард ва медидам, ки дар он вақт ҳам баландтарин садо садои ӯ буд. Вай барои иҷрои охирин сурудаш дар саҳна ҳама нерӯи худро ба харҷ дод. Ва шояд баъди бештар аз ду ҳафтаи ин аз дуввумин сакта моро тарк кард…”

Аҳмад Бобоқулов 18-уми майи соли 1990 бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт ва дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе дафн карда шуд. Аз шодравон Аҳмад Бобоқулов 3 писару 4 духтар ва чандин набераву абера боқӣ мондаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here