Варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор гирифта шуд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Сомон Маҳмадбеков рутбаи лейтенанти хурди милитсияро супорид.

Эргаш Маҳмадбеков, мураббии Сомон Маҳмадбеков дар сӯҳбат бо хабаргузории “ASIA-Plus” гуфтааст, ки Сомонро бо рутбаи лейтенанти хурд ба ҳайси мураббӣ дар Ҷамъияти варзишии “Динамо”-и ВКД ҶТ ба кор гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки санаҳои 17-20-уми октябри соли равон дар Марокаш баргузор гардида буд, ҳамаи ҳарифонашро шикаст дод ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Санаи 24-уми октябр дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе қаҳрамонро ҳазорон нафар бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Ӯ дубора ба шаҳри Иркутски Русия баргашт, ки қаблан дар он ҷо зиндагӣ ва тамрин мекард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here