Модел ва ҳунарпешаи маъруфи синамои ҳинд Айшвария Рай Баччан дар рӯзҳои истироҳатӣ дарҲафтаи мӯди Париж” иштирок намуд.

Айшварияро дар ин чорабинӣ дӯстонаш, ҳунарпеша Ева Лонгория, овозхон Комила Кабелло ва духтарчаи 8-солааш Аарадя Баччан ҳамроҳӣ кардаанд.

Айшвария ҳоло 46 сол дорад ва ба синну соли худ нигоҳ накарда, пайваста дар ҳафтаҳои мӯд ва чорабиниҳои ба ин монанд иштирок мекунад. Ин навбат низ ӯ бо пироҳани гулобӣ ва ороиши рӯю мӯйи ғайриоддӣ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб карда тавонист.

Ҳамчунин, ҳунарпеша соли 1994 дар озмуни зебоии “Зебосанами ҷаҳон” зинаи аввалро сазовор гаштааст. То ҳол дар роликҳои таблиғотии ширкат ва брендҳои мухталиф иштирок мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here