Дар интихоботи рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ, ки дар Ҷумҳурии Украина баргузор гардид, ҳаҷвнигори шинохтаи украинӣ Владимир Зеленский бо касби 30 дарсади овозҳо ба даври дуюм роҳ ёфт.

Зеленский аз сиёсат тамоман дур буда, чунин ранг гирифтани корро чашмдошт набуд, вале мардум қисми бештари овозҳоро ба ӯ доданд. Ҳаҷвнигор ба райъдиҳандагон барои овозҳояшон ташаккур мегӯяд:

“Мехоҳам ба шумо барои он ки бешӯхӣ райъ додед, ташаккур бигӯям. Натиҷаи назарсанҷиҳо зиёданд, вале як номзад пирӯз мешавад. Ин фақат оғози кор аст ва мо набояд ором бигирем.”

Зеленский дар даври аввали интихобот пирӯз шуд ва дар даври дигар бо номзади дуюм рӯ ба рӯ мешавад. Номзади дуюм Президенти феълии кишвар П`тр Порошенко мебошад. Даври дуюми интихобот қарор аст, рӯзи 21-уми апрел сурат бигирад. Комиссияи интихоботӣ мегӯяд, ки дар интихобот 64 дарсади мардум иштирок карданд ва 30 дарсади овозҳоро Зеленский соҳиб гардид.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки шояд мардуми Украина аз оне, ки сиёсатмадор сарвари давлат аст, хаста шуданд ва ба ҳамин хотир ба ҳаҷвнигор бештар райъ доданд. Бо ин корашон мардуми Украина чеҳраҳои навро дар саҳнаи сиёсии кишвар дидан мехоҳанд.

Владимир Зеленский Александрович 25-уми январи соли 1978 дар шаҳри Кривой Роги Ҷумҳурии Украина ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии иқтисодии Киев ба номи Вадим Гетман буда, аз рӯи ихтисос умуман кору фаъолият накардааст. Ғайр аз ҳаҷвнигор буданаш, инчунин, продюсер, ҳунарпеша, сенариянавис, ровӣ ва коргардони ботаҷриба низ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here