Владимир Зеленский, ровӣ, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори украинӣ дар даври дуюми интихоботи Президенти Ҷумҳурии Украина, ки санаи 21-уми апрел баргузор гардид, бо касби 73,2 дарсади овозҳо бар президенти феълии ин кишвар Пётр Порошенко пирӯз шуд.

Аз рӯи маълумоти Комиссияи марказии интихобии Украина Зеленский 73,2 ва Порошенко 25,3 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд. Дар даври якуми интихобот, ки рӯзи 31-уми март баргузор гардида буд, Зеленский соҳиби 30 дарсади овозҳо ва Порошенко аз ин ҳам камтарро ба даст оварда буданд.

“Дар қадами аввал ҳамаи зиндониён ва асирони украиниро ба ватан баргардонда, барои ҳалли сулҳомези ихтилофоти Донбасс талош хоҳам кард”,-гуфтааст Зеленский дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон.

Пётр Порошенко ҳанӯз соли 2014 ба мақоми президенти Украина омада, моҳи майи имсол расман аз ин мақом канор меравад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here