Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки консерти ваъдагии худро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намояд.

Баргузории барномаи консертии ваъдагӣ санаҳои 7-8-уми август, соати 17:30 таҳти унвони “Умри ширин” дар Муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Мухлисони овозхон баргузории ин консертро давоми қариб 100 рӯз аст, ки интизоранд. Зеро консерт аз санаҳои 30-юми апрел ва 1-уми май ба санаҳои 11-12-уми май ба таъхир афтода, бо ҳамин норавшан боқӣ монда буд.

Сабаби ба таъхир афтодани консерти Афзалшоҳи Шодӣ дар шаҳри Хуҷанд ба беморӣ ва дар Олмон ҷарроҳӣ шудани овозхон рабт дода мешавад.

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, овозхон санаи 8-уми майи имсол дар яке аз бемористонҳои шаҳри Дюсселдорфи Олмон ҷарроҳии рӯдаро паси сар карда, 7-уми июл баъди ду моҳи табобат ба Ватан баргашт.

Замони ба Олмон сафар карданаш, овозхон бо нашри наворе барои ба таъхир афтодани консерташ аз мухлисон узр хоста, ваъда дода буд, ки пас аз шифо ёфтанаш хизмати дукарата хоҳад кард.

Мухлисони овозхон, ки чиптаҳои консертро қаблан харидорӣ карда буданд, се моҳ мешавад баргузории консертро интизоранд ва аз тасмими гирифтаи овозхони дӯстдоштаашон хеле хушҳоланд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here