Ҷастин Бибер, овозхони ҷавони канадагӣ, ки моҳи марти имсол ба рухсатии эҷодӣ рафта буд, рӯзҳои наздик албоми нави таронаҳои худро пешкаши ҳаводорони ҳунараш хоҳад гардонид.

Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии “InterMedia” бо такя ба маҷаллаи америкоии “Hollywood Reporter” рӯзи 23-юми апрели соли равон хабар додааст.

Чуноне ки маҷаллаи “Hollywood Reporter” иттилоъ медиҳад, овозхон дар фестивали “Coachella” ҳангоми ҳунарнамоии Ариана Гранде ба саҳна баромада, таронаи “Sorry”-ро иҷро намудааст.

“Ман намехостам, ки ба саҳна бароям. Ин нахустин баромади ман дар ду соли охир аст. Аз ҳамаи шумо сипосгузорам ва рӯзҳои наздик албоми навро мунтазир бошед”,-гуфтааст Ҷастин дар саҳна.

Худи Ариана низ мегӯяд, ки баромади Ҷастин дар нақша набуд ва аз ин сюрпризи ногаҳонии овозхон бениҳоят шод ва миннатдор аст.

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here