Овозхони рус, Алсу Абрамова пас аз моҷарои шоу-озмуни “Голос.Дети” бо кӯдаконаш ба истироҳат рафтааст. Дар ин бора дугонаи Алсу, Любов Успенская ба сомонаи “Комсомольская правда” хабар додааст.

“Алсу бо фарзандонаш ба истироҳат рафт, то моҷароҳои гузаштаро фаромӯш кунад”,-гуфтааст Любов Успенская. Вале дар бораи ба куҷо рафтани онҳо маълумоте дода нашудааст.

Сарусадоҳо атрофи Алсу ва духтараш Микелла замоне барангехтанд, ки ӯ дар мавсими шашуми шоу-озмуни кӯдаконаи “Голос.Дети” ғолиб омад ва сазовори шоҳҷоиза гардид.

Аз рӯи натиҷаи СМС-паёмакҳое, ки тамошобинон ирсол намуда буданд, 56,5%-и овозҳоро Микелла соҳиб шуд, вале дигарон ба ин натиҷа то ҳол бо шубҳа менигаранд.

“Шабакаи якум”-и Руссия гуфтааст, ки барои дақиқ муайян намудани натиҷаи озмун тадқиқот хоҳад гузаронид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here