Овозхони шинохтаи рус Алсу Абрамова унвони Овозхони халқии Бошқирдистонро соҳиб шудааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Бошқирдистон хабар медиҳад.

Фармоиши тақдими ин мукофот аз ҷониби роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров ба имзо расида, дар ҳошияи Фестивали байналмилалии санъат “Қалби Авруосиё” (“Сердце Евразии”) бахшида ба 100-солагии маорифи ин кишвар мукофотонида шудааст.

Алсу барои чунин қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, ваъда додааст, ки дар Бошқирдистон ҳатман консерти яккаи худро барпо менамояд.

Овозхон аз соли 2010 дорандаи унвони Овозхони халқии Тотористон ва аз соли 2018 Ҳунарманди хизматнишондодаи Русия мебошад.

Дар баробари Алсу ба солисти гурӯҳи “Питса” (“Пицца”) унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Бошқирдистон тақдим карда шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here