Мақомот Саҳар Табар, ситораи 22 солаи эрониро, ки бо аксу наворҳояш дар Инстаграм машҳур аст, барои куфр ва даъват ба хушунат дастгир кардаанд.

Ба иттилои хабаргузории “360”, ӯ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун ҳамандоми ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ Анҷелина Ҷоли маъруфият пайдо карда, дар шабакаи Инстаграм ҳаводорони худро дорад.

Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки маҳз ҳамон акс ва наворҳои даҳшатноки Саҳар Табар дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси эътирозу норозигӣ ва шикояти мардум шудааст. Вале тарафдоронаш низ кам нестанд, ки мудом аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Соли 2017 вақте ки Саҳар Табар дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур шуд, ВАО хабар доданд, ки ӯ барои монанд шудан ба Анҷелина Ҷоли аз 21 то 50 ҷарроҳии пластикиро паси сар намуда, худро то 40 кг хароб кардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷиҳати ҷарроҳии бинӣ ва ҳамчунин, ҷарроҳии пластикӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар ин кишвар ҳамасола то 200 ҳазор нафар амалиёти ҷарроҳии пластикиро анҷом медиҳанд.

Саҳар Табар иқрор шудааст, ки барои ба даст овардани чунин маъруфият танҳо ҷарроҳии биниро анҷом дода, овозаи то 50 маротиба анҷом додани ҷарроҳии пластикӣ ва то 40 кг хароб шудан кори дасти матбуоти зард аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here