Якшанбеи ҳафтаи гузашта, ҳунарманди машҳури синамои ҳинд, Амитабх Баччан вохӯрии анъанавии худро бо мухлисонаш муваққатан бекор кардааст. Сомонаи “ZEE TV дар ин бора иттилоъ додааст.

Манбаъ менависад, ки давоми 36 соли охир ин ҳунарманди 76-сола ҳар рӯзи якшанбе дар назди хонаи худ бо мухлисону ҳаводоронаш вохӯрӣ мегузаронад. Онҳо дар майдончаи махсус бо ҳам акс мегиранд ва дуру дароз сӯҳбат мекунанд.

Якшанбеи ҳафтаи гузашта, ки ба санаи 5-уми май рост омад, барои мухлисони ҳунарманд рӯзи бебарору ногувор буд, зеро Амитабх бекор кардани вохӯриро дар ин рӯз эълон кард.

“Имрӯз вохӯрӣ намешавад. Дар бистари беморӣ ҳастам. Ба ҳама хабар диҳед, ки ба ташвиш наафтанд, аммо чӣ илоҷ, ки аз хона баромада наметавонам”,-навиштааст ҳунарманд дар блоги худ.

Амитабх Баччан аз зумраи беҳтарин ҳунармандони синамои ҳинд буда, давоми 50 соли фаъолияти эҷодияш дар зиёда аз 200 филм нақшҳои марказиву дуюмдараҷаро иҷро намудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here