Ирина Шейк, ҳунарпеша ва модели рус бо як миқдор маблағ ва духтарчааш аз хонаи шавҳараш Брэдли Купер фирор кардааст, менависад сомонаи “Комсомольская правда”.

Ҳунарпеша субҳи барвақт 3,6 миллион фунт (4,5 миллион доллар) ва духтарчааш Леяи 2-соларо ҳамроҳ гирифта, аз хонаи Брэдли Купер, ки дар шаҳри Лос-Анҷелос воҷеъ буд, фирор кардааст.

“Онҳо якчанд моҳи охир хушбахт набуданд. Ба ҳамин хотир Ирина қарор дод, ки ба хонаи шахсии худаш равад”,-гуфтааст як манбаъ ба рӯзномаи “The Sun”.

Ирина Шейк соли 2015 баъди аз футболбоз Криштиану Роналду ҷудо шуданаш, бо ҳунарпешаи амрикоӣ Брэдли Купер оила барпо кард ва соли 2017 онҳо соҳиби духтарчае бо номи Лея шуданд.

Иринаи 33-сола ва Брэдлии 44-сола аз аввал он қадар хушбахт набуданд, вале ба хотири духтарчаашон зиндагӣ мекарданду барои ин кор кӯшиши зиёд низ ба харҷ доданд, вале…

Чанде қабл низ расонаҳои хабарӣ дар бораи аз ҳам ҷудо шудани ин ду ҳунарманд иттилоъ дода буданд, вале боз онҳоро як шом ҳангоми сайругашт бо ҳам диданду аз фикри худ даст кашиданд. Ин овозаҳо замоне барангехтанд, ки Брэдли бо Леди Гага дар филме муштарак нақш офарид.

Дар бораи ҳодисаи фирори Ирина аз хонаи шавҳараш то ҳол на худи ҳунармандон ва на наздикони онҳо ба хабарнигорон дақиқан чизе нагуфтаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here