Анҷелина Ҷоли, ҳунарпешаи амрикоӣ баъди ҷудо шуданаш аз Брэд Питт ба қароре омадааст, ки васиятнома бинависад, зеро вазъи саломатияш хуб набуда, ба бемории фалаҷшавии мушакҳои рӯй гирифтор шудааст. Дар ин бора сомонаи “Комсомольская правда” хабар медиҳад.

“Вазни Энҷи (Анҷелина) то ба 42 килограмм расидааст ва ӯ аз ҳама зиёд ба писари калонияш Мэддокс такя мекунад. Реҷаи корияш то андозае пур аст, ки ҳатто баъзан хӯрданро фаромӯш мекунад”,-гуфтаанд дӯстони Ҷоли.

Писарии калонии ҳунарпеша, Мэддокс дар ҳолати пеш омадани мушкилӣ дар оила ва тиҷорат дасти рости модар аст. Замони ҷудо шудани Ҷоли низ Мэддокс тарафдори модараш буд. Маҳз ба ҳамин хотир Энҷи мехоҳад, ки қисми зиёди сарвати худро ба меросхӯри калонияш Мэддокс васият кунад.

Ҷолии 43-сола нақша дорад, ки аз писари калонияш бузургтарин киномагнат бисозад. Инчунин, ӯ ширкати продюсерии худро, ки “Jolie Pas” ном дорад ва аз соли 2014 инҷониб соле 116 миллион доллар даромад меорад, ба Мэддокс ҳадя кардан мехоҳад.

Ин хабарҳо Брэд Питтро ба ғазаб овардаанд. Ҳунарманди 55-сола боварӣ дорад, ки ҳамсари собиқаш ин корҳоро бар қасди ӯ карда истодааст. Брэд аз ҳама зиёд бар он ғазабин аст, ки панҷ фарзанди дигари Ҷоли бе ягон танга мемонанд.

Чуноне ки сомонаи “Комсомольская правда” менависад, Анҷелина ва Брэд 12-уми апрели соли 2019 расман аз ҳам ҷудо шуданд. Айни замон шаш фарзанди онҳо (Мэддокси 17-сола, Пакси 15-сола, Захараи 13-сола, Шайлои 12-сола ва дугоникҳо Вивен ва Нокси 10-сола) бо модарашон зиндагӣ доранд.

Анҷелина ва Брэд соли 2005 ҳамдигарро дар рафти банаворгирии филми “Мистер и миссис Смит” дида, дӯст доштанд. Соли 2006 духтарчаи онҳо Шайло ба дунё омад. Дар соли 2014 маросими издивоҷи онҳо дар Фаронса баргузор гардид. Соли 2016 бошад, Анҷелина барои ҷудошавӣ ариза навишт.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here