Дар Театри миллӣ-драмавии шаҳри Ош ба номи Султон Иброҳимов VII-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрии “ART-ORDO” ба анҷом расид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷашнвораи сатҳи байналмилалӣ ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоишномаи “Фирдавсӣ” намояндагӣ карданд.

Дар маросими пӯшидашавии ҷашнвора муовини Раиси шаҳри Ош Нурбек Қодиров, мушовири Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Султон Раев, муовини вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Қайрат Имоналиев, намояндаи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ “TURKSOY” дар Ҷумҳурии Қирғизистон Коҷогелди Култегин иштирок доштанд.

Ҳамчунин, гурӯҳҳои эҷодии театрӣ аз кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба сифати меҳмони ҷашнвораи мазкур ширкат варзида, сокинони шаҳри Ош низ барои дастгирӣ ҳузур доштанд.

Дар маросими пӯшидашави ҷашнвора гурӯҳҳои эҷодии театрҳо, ки дар ҷашнвора иштирок карданд, бо диплом, сипоснома, ҷоиза ва тӯҳфаҳои махсус сарфароз гардонида шуда, барномаи ҷолиби консертӣ низ барпо гардид.

Ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир барои иҷрои нақши Фирдавсӣ аз намоишномаи “Фирдавсӣ” дар таҳияи коргардон Султон Усмонов аз рӯи асари Сотим Улуғзода ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки VII-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрии “ART-ORDO” дар доираи барномаи байналмилалии “Ош-маркази фарҳангии ҷаҳони туркӣ 2019” бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Қирғизистон Ҷамол Саидаҳмадова (Жамал Сейдакматова) баргузор гардид ва маъруфтарин намоишҳо аз рӯи асарҳои классикони ҷаҳонӣ ба саҳна гузошта шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here