Дирӯз, 2-юми октябри соли ҷорӣ дар бинои Театри мусиқӣдрамавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт 80-солагии ин ҳунаманди нотакрор таҷлил карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ноҳияи Ашт хабар медиҳад.

Маъракаи 80-солагии ҳунарманд аз ҷониби хонандагони Гимназияи №1-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таҷлил гардида, дар чорабинӣ роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва хонандагони гимназияи мазкур иштирок намуданд.

Зимни таҷлили 80-солагии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов намоиши аксҳои шодравон баргузор шуд. Аксҳои ба намоиш гузошташуда, фарогири эҷодиёти марҳум буда, ҳунари баланд ва истеъдоди нотаркори Маҳмудҷон Воҳидовро бозгӯ мекард.

Ҳамчунин, хонандагони гимназия шеърҳои қироаткардаи Маҳмудҷон Воҳидовро баҳри ҳозирин бо ҳунари зебои ровигӣ пешкаш карданд ва саҳнаҳои театриро аз фаъолияти Маҳмудҷон Воҳидов ба намоиш гузоштанд.

Ҳунарпеша ва коргардони барҷастаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973) Маҳмудҷон Воҳидов 10-уми октябри соли 1939 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Санаи 12-уми ноябри соли 1977 дар шаҳри Бағдоди Ироқ дар авҷи шӯҳраташ вафот кардааст.

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Маскав ба номи Анатолий Луначарский (ГИТИС-1960) мебошад. Ба сифати ҳунарманд ва коргардон дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд (1960-1961) ва Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе (1961-1977) фаъолият кардааст.

Намоишномаҳои театрии “Камбағалӣ айб нест” (А.Островский, 1960), “Отелло” (У.Шекспир, 1963), “Фоҷиаҳои хурд” (А.Пушкин, 1966), “Бежан ва Манижа” (Ҳ.Хушкинобӣ, 1970), “Рӯдакӣ” (С.Улуғзода, 1973) ва филмҳои “Зумрад” (1961), “Ҳасани аробакаш” (1965), “Достони Рустам” (1971), “Ситорае дар тирашаб” (1972) ва “Асрори гузаргоҳ” (1973) намунае аз корҳои эҷодии Маҳмудҷон Воҳидов мебошанд.

Маҳмудҷон Воҳидов асосгузори театри манзуми як ҳунарманд аст ва офаридаҳои ӯ “Гуфтугӯ бо худ” (аз рӯи рӯбоиёти Умари Хайём, 1967), “Ватан ва фарзандон” (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969), “Ишқи зиндагӣ” (аз рӯи ашъори Ҳофиз, 1971) шоҳкории санъати тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here