Сарояндагони шинохтаи кишвар, Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов бо барномаи нави консертӣ ба шаҳри Исфара ташриф хоҳанд овард. Дар ин бора субҳи имрӯз сомонаи мусиқавии “Musiqi.tj” дар шабакаи YouTube-и худ хабар додааст.

Барномаи ҷадиди консертӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ташкил гардида, қарор аст санаи 23-юми май бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” баргузор бигардад.

Макони баргузории консерт Варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара буда, мухлисонро чиптаҳои бурднок низ интизор будааст. Чиптаҳоро аз ҳоли ҳозир метавонед аз студияи “Бойбача” ва мағозаи 24 дастрас намоед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here