Намаши Чакраборти, писари хурдии ҳунарпешаи маъруфи ҳинд Митхун Чакраборти ба наздикӣ дар филме нақш хоҳад офарид, хабар медиҳад сомонаи “ZEE-TV”.

Ба Намаши имконият даст дод, ки соҳиби яке аз нақшҳо дар филми “Badboy”-и Раҷкумар Сантош бошад ва хабари дигаре низ вуҷуд дорад, ки ҳамбози ӯ духтари продюсери филм Соҷид Куреш Амрин аст.

Ҳунармандони ҷавон аллакай ба якчанд лаҳзаи филм омодагӣ дида, коргардон онҳоро ба чандин мактаби омӯзиши маҳорати актёрӣ сафарбар намудааст, то ҳангоми наворбардории филм мушкилие пеш наояд.

Вақте ки Намаши номзадии худро барои нақшофарӣ дар филм пешниҳод кард, падараш дар Амрико қарор дошт. Митхун баргаштан замон бо коргардон ва продюсери филм вохӯрда, бо мазмуни сенария ошно хоҳад шуд, зеро ин нахустин филми Намаши мебошад.

“Ҳар як падар орзу дорад, ки фарзандаш фаъолияти эҷодии худро зери назари Раҷкумар Сантош оғоз кунад”,-гуфтааст Соҷид Куреш Амрин ба хабарнигорон.

Наворбардории филм рӯзҳои наздик шурӯъ шуда, давоми 65 рӯз дар Мумбай ва Бангалор сурат мегирад. Якчанд суруд барои филм дар хориҷи кишвар сабт карда мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here