Нависандаи тоҷик Абдуқодир Рустам хабар медиҳад, ки донишмандони эронӣ аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ чанд байти нав ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ, устодони Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷоди Деҳқон аз луғатномае байтҳои нави устод Рӯдакиро ёфтаанд.

Мақолаҳои эшон бо номҳои “Баррасии абёти тоза ва мансуб ба Рӯдакии Самарқандӣ дар фарҳанги “Луғати Ҳалимӣ” (шарҳи “Баҳр-ул-ғароиб”) дар маҷаллаи “Матншиносии адаби форсӣ” (соли 1397, шумораи 4) ва “Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанге ношинохта” (соли 1397, шумораи 2) дар маҷаллаи шеърпажӯҳии “Бӯстони адаб”-и Донишгоҳи Шероз чоп шудааст.

“Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300 ҳазор мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700 ҳазор мисраъ, ба ривояте аз 300 ҳазор байт ва ё ҳатто аз 100 ҳазор байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас”,-менависад бо таассуф Абдуқодир Рустам дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Инак, байтҳои навёфтаи устод Рӯдакӣ, ки дар ҳеҷ маъхази дигаре дида намешавад:

Мар маро дар банди ғам созад асир,
Чун зи пича бозгирад пичабанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар асли фарҳанг вожаҳои “пича” ва “пичабанд” ба гунаи “пунҷа” ва “пунҷабанд” омада, ва “пунҷа” ба маънии “пешонӣ” шарҳ шудааст. Муаллифони мақола бо барқарор кардани асли ин калимаҳо онро ба гунаи дуруст сабт кардаанд. Азбаски “пича” ва “пичабанд” вожаҳои хоси форсии мовароуннаҳрӣ будаанд (ба яке аз маъноҳояш имрӯз низ дар миёни тоҷикон роиҷ аст) бештари фарҳангҳои форсӣ ин калимаҳоро ба шаклҳои ғалати “пунҷа” ё “пунча” овардаанд.

Нахусб, кун сипарӣ кори он ҷаҳони дигар,
Зи пеши он ки кунад марг умри ту сипарӣ.

Муаллифони мақола ҳадс задаанд, шояд калимаи аввали байт “нахуст” бошад, ки ба фикри мо чунин нест ва ҳамон “нахусб”-у “махусб” афзалтар менамояд.

Байти севум, ки зайли вожаи “навард” ба маънои “дархуранда” (сазовор, писандида) омада, ин аст:

Хоҷа аз меҳтарон наварди ман аст,
Ҳамчунон шеъри ман ба дил-ш навард.

Дар бораи байти чорум муаллифони мақола овардаанд: “Ҳарчанд ин байти мансуб ба Рӯдакӣ танҳо дар ин фарҳанг дида шуда, ин интисоб мавриди тардид аст. Агар вожаи “гурм” саҳеҳ бошад, “гурм” ва “гарм” ҷиноси хаттӣ ва “ком”-у “гом” ҷиноси музореъ доранд. Ҳамчунин, “ҳаҷр”-у “висол” ва “гарм”-у “сард” баёнгари санъати тазод дар ин байт ҳастанд ва риояти ин навъ ҷинос ва саноеъи адабӣ дар сабки Рӯдакӣ ва замони ӯ чандон роиҷ нест”.

Зи гурми ҳаҷр дилам гарм гашту аз сардӣ,
Ба сӯйи коми висолаш намезанам гоме.

Дар мавриди таҷнис гуфтаи муаллифон дуруст аст, аммо дар мавриди санъати тазод иштибоҳ мекунанд. Баръакс, тазод аз муҳимтарин вежагиҳои шеъри Рӯдакӣ аст.

Чашми ман борад сиришки ҳамчу ҳин,
Аз сари дунёву дин бархез, ҳин!

Байти панҷум дар вазни “Калила ва Димна” ва “Синбоднома” аст ва дар он “ҳин”-и аввал сел ва “ҳин”-и дувум “шитоб кун”, “зуд бош” аст. Ин ду вожаро Дақикӣ низ дар байте истифода кардааст:

Аз кӯҳсор дӯш ба ранги май,
Ҳин омад, ай нигор, май овар, ҳин.

Ва низ дар фарҳанги ношинохта, байти зайл ба ном Рӯдакӣ омада:

Остин аз барои ранҷи дилам,
То ба оринҷ баркашӣ ҳар дам.

Ин байт дар “Фарҳанги Шуъурӣ” бо андаке тафовут ба номи Асадӣ омадааст. Сабки шеър ва мазмун бештар ба навиштаи Рӯдакӣ будани байт далолат мекунад. Ҳамчунин, фарҳанги ношинохта ҳадди ақал як аср қабл аз “Фарҳанги Шуъурӣ” таълиф шудааст.
Байти дигар, ки дар фарҳанги ношинохта ба номи Рӯдакӣ омада, ин аст:

Ишқи ӯ анкабутро монад,
Битанидаст тафта гирди дилам.

Аммо ин байт дар фарҳангҳои мӯътабар ба номи Шаҳид омада ва ба эҳтимоли зиёд аз ӯст…

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here