Ҳунарпешаи шинохтаи турк, Ҳазал Кая билохира ҳомила буданашро эътироф кардааст. Дар ин хусус сомонаи “Teammy” хабар медиҳад.

Ҳунарпеша, ки чанд муддат бар лаб мӯҳри хомӯшӣ зада буду дар ин бора ба касе чизе гуфтан намехост, ниҳоят эътироф кардааст, ки дар ҳафтаи дувоздаҳуми ҳомиладорӣ қарор дорад.

“Ман хеле хушбахтам, ки хабари ҳомила буданамро ба шумо мерасонам. Тифли мо ҳоло дувоздаҳ ҳафтаина аст. Ду моҳи аввали ҳомиладориямро ба он хотир аз шумо пинҳон кардам, ки бо тифл ҳар ҳодиса рух доданаш аз эҳтимол дур набуд. Акнун ҳолаш хуб аст ва мо дигар ин хабари хушро пинҳон карда натавонистем”,-навиштааст Ҳазал Кая дар саҳифаи Инстаграми худ.

Тифли батни ҳунарпеша ҳоло се моҳа аст ва дар фасли тирамоҳ ба дунё меояд. Чанде қабл расонаҳои хабарии Туркия оиди дар Амрико таваллуд кардани Ҳазал сару садоҳо баланд карда буданд, вале ин хабар феълан беасос шуморида мешавад.

Шумораи филмҳои нақшофаридаи Ҳазал ба адади 20 наздик мешаванд ва ӯро дар Тоҷикистон аз силсилафилми “Ишқи мамнӯъ” мешиносанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳазал Кая бо Али Атай моҳи феврали соли ҷорӣ оила барпо карда буданд ва ин нахустин фарзанди эшон ба ҳисоб меравад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here