Шаби 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар идомаи сафари худ ба вилояти Хатлон Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб се боғи фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар масоҳати 9 га, Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Хуталон” дар масоҳати 5 га ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Саидалӣ Вализода дар масоҳати умумии 3 га пас аз навсозӣ ба меҳмонону сокинон хизмат мекунанд.

Ҳамчунин, дар ҳудуди боғҳои мазкур дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуда, барои калонсолону кӯдакон майдончаҳои варзишӣ ва атраксионҳо бунёд гардидаанд.

Ҳамаи боғҳо дорои амфитеатр ва қаҳвахона буда, шабона чароғҳои ранга ба боғ ҳусни иловагӣ зам мекунанд. Даромадгоҳҳо бо нақшу нигори миллӣ оро ёфта, боғҳоро фаввораҳои хурду бузург зебу зиннат медиҳанд.

Лоиҳаи Боғи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар ӯҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминии Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар Боғи “Хуталон” бошад, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба анҷом расонида шудааст.

Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои азнавсозӣ баҳои баланд дода, масъулинро барои бунёди чунин боғҳои муосир табрику муборакбод намуда, дастуру супоришҳо доданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here