Ба ҳунарманди амрикоӣ ва собиқ губернатори Калифорния, Арнолд Швартсенеггер дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ нафари номаълуме ҳуҷум кардааст, иттилоъ медиҳад сомонаи “Хочу”.

Ҳодиса санаи 18-уми майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шаҳри Йоханнесбург дар ҳоле рух додааст, ки ҳунарманд барои баргузории Фестивали варзишии “Arnold Classic Africа” омада будааст.

Дар навор дида мешавад, ки нафари номаълуме ҳангоми ба аксбардорӣ машғул будани ҳунарманди 71-сола ба миёни ӯ бо пояш мезанад ва муҳофизон дарҳол ҷинояткорро дастгир мекунанд. Ба саломатии ҳунарманд чизе таҳдид намекунад ва ҳолаш хуб аст.

“Ташаккур барои ташвишҳоятон, ҳоли ман хуб аст. Вақте ки ба миёни ман зарба заданд, фикр кардам, ки одамони зиёд дар пуштам ҷамъ омадаанд. Вале баъди наворро дидан маълум шуд, ки касе барқасд маро задааст”,-навиштааст Арнолд Швартсенеггер дар саҳифаи Твиттери худ.

Фестивали варзишии “Arnold Classic Africа” ҳамасола дар моҳи май дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор мегардад ва 124 ҳазор варзишгарро аз рӯи 90 навъи варзиш ба ҳам меорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here