Варзишгари маъруфти тоҷик Баҳодур Усмонов дар XXI-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммадсалом Умахонов сазовори медали нуқра гардид.

Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Каспийскии Ҷумҳурии Доғистон миёни 150 варзишгар аз 21 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Баҳодур зери вазни 64 кг бар се варзишгари доғистонӣ Қурбон Қурбонмуҳаммадов, Рашид Янғозиев, Дмитрий Кужков ва Акрам Ҳаҷ Аовива аз Тунис ғолиб омада, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Дар даври ниҳоӣ ӯ аз Ҳусейн Муҳаммадови доғистонӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа зинаи дуюмро касб карда, медали нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Панҷ муштзани дигари тоҷик Шермуҳаммад Рустамов (49 кг), Бахтовар Сагизов (56 кг), Наврӯз Ҷафоев (75 кг), Далерҷон Сулаймонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (91 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибони худ шикаст хӯрданд.

Баҳодур Усмонов ҳамагӣ 21 сол дорад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардида буд, бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гардид.

Ҳамчунин, имсол ӯ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Отирави Қазоқистон ва Бишкеки Қирғизистон медалҳои тилло ва дар Ҷоми президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии ин варзишгари ҷавони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020, ки дар Токиои Ҷопон баргузор мегардад, пайдо кардани роҳхат мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here