Адиб ва публитсисти тоҷикзабони зодаи ноҳияи Самарқанди Ӯзбекистон Баҳром Истамқулов дар синни 72-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Адаш Истад дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷанозаи марҳум имрӯз, 10-уми сентябри соли равон дар зодгоҳаш деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд баргузор гардид.

“Ҳамагӣ як ҳафта пеш барои дидорбинӣ ба беморхона рафта будам. Хурсанд буд, ки китоби наваш романи “Лаклаки сафед” аз чоп баромадааст ва ман ӯро бо ин китоби наваш аксбардорӣ кардам”,-навиштааст Адаш Истад.

Ҳамчунин, номбурда афзудааст, ки Баҳром Истамқулов мехост боз як китоби дигар бинависад, вале умр вафояш накард. Бо вуҷуди ин аз худ осоре мерос гузошт, ки онро садсолаҳо мардум бо шавқ хоҳанд хонд.

Баҳром Истамқулов 17-уми июли соли 1947 дар деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1969) мебошад. Пас аз хатми донишгоҳ давоми як сол (1974) дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст.

Аз соли 1975 то соли 1998 дар Кумитаи иқтисодиёт ва Кумитаи агросаноатии вилояти Самарқанд, Комбинати агросаноатии “Самарқанд”, Заводи лифтсозии “Самарқанд”, Бонки тиҷорат ва иноватсионии “Ипак Йӯли” ба ҳайси мудири шӯъба, сардори шӯъбаи кадрҳо, муовини раиси кумита, муовини аввали директори генералӣ кору фаъолият кардааст.

Дорандаи нишони сарисинагии “Мустақил Ӯзбекистон” ва Аълочии ба нақшагирии хоҷагии халқии СССР буда, муаллифи китобҳои “Бо дуои модар” (2017), “Дарси ҳаёт” (2018) ва “Лаклаки сафед” (2019) мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here