Давоми як ҳафта дар шаҳри Душане VII-умин Ҷашнвораи филмҳои лаҳистонӣ “Висла”, ки даромад ба он ройгон мебошад, баргузор мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҷашнвора аз 8-ум то 14-уми ноябри соли равон идома ёфта, дар доираи он намоиши беш аз 8 филми гуногунжанри коргардонҳои лаҳистонӣ дар назар аст.

Шоми пагоҳ, 8-уми ноябр, соати 17:00 дар толори синамои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҷашнвораи мазкур бо намоиши филми “Эскадриля 303. Достони воқеӣ” оғоз мегардад.

Ҳамчунин, дар идомаи ҷашнвора филмҳои гуногунжанри “Юлиуш”, “Говҳои шиновари деҳотӣ”, “Ман ҳам бароят чизе дорам”, “Элизабет”, “Муштарии охирон” ва “Бахшидан” намоиш дода мешаванд.

Ҷумҳурии Лаҳистон дар минтақаи Аврупо аз ҷиҳати истеҳсоли филм дар радифи Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса қарор мегирад. Филмҳое, ки дар VII-умин Ҷашнвораи филмҳои лаҳистонӣ “Висла” намоиш дода мешаванд, тозаэҷод буда, дар ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ иштирок намудаанд.

Даромад ба намоиши филмҳо ройгон мебошад. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бошад, дар суроғаи кӯчаи Беҳзод 25 ҷойгир аст.

Маврид ба зикр аст, ки Висла номи дарё дар Лаҳистон мебошад ва 1047 км дарозӣ дорад. Ҳамчунин, дар Лаҳистон шаҳри Висла низ вуҷуд дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here