Бино ба иттилои сомонаи “Don Balon”-и Испания, бошгоҳҳои футболи испании “Барселона” ва “Атлетико” баҳри ивазкунии бозингаронашон қарордод омода намуда истодаанд.

Мутобиқи маълумотҳои ин расона, бошгоҳи каталонӣ ният дорад, ки бар ивази нимҳимоягари дастааш Фелипе Коутинйои бразилиягӣ, ҳамлавар Антуан Гризманни фаронсавиро ба даст оварад. Бояд гуфт, ки Гризманн аллакай ба чунин хариду фурӯш (трансфер) розигии худро додааст.

Сомонаи расмии тими Атлетико Мадрид “Сlubatleticodemadrid” хабар медиҳад, ки Гризманн аз мавсими нав дар ин бошгоҳ ҳунарнамоӣ нахоҳад кард. Тибқи маълумотҳо, футболбози 28 сола корномаи варзишии хешро дар “Барселона” идома медиҳад.

Антуан соли 2014 аз тими “Реал Сосйедад” ба “Атлетико” гузариш намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 47 бозӣ доир намуда, ба задани 21 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст. Арзиши Гризманн дар бозори ҷаҳонӣ 150 миллион евро муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Коутинйо дар мавсими ҷорӣ дар 53 бозӣ иштирок намуда, ба задани 11 гол ва ирсоли 5 партофти головар муваффақ шудааст. Тибқи маълумотҳо, нархи бозингарро ба 105 миллион евро муайян кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here