Имрӯз, 19-уми сентябри соли равон Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, коргардони барҷаста ва драманависи тоҷик Барзу Абдураззоқов 60-сола шуд.

Ба ин муносибат матлаби Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори тоҷикро, ки ҳанӯз се сол қабл, яъне соли 2016 дар шабакаи Фейсбук дар бораи Барзу Абдураззоқов нашр шуда буд, пешкаши шумо мегардонем.

“Барзу кист? Шояд ин саволро кам касон ба худ додаанд. Ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки саволи мазкур дар утоқҳои барҳавои кадом як мансабдор ба маънои бад садо дода: “ӯ худаш кист?”. Вале имрӯз, ки номи тоҷику тоҷикистонӣ ба некӣ бисёр кам гирифта мешавад, бояд ҳар тоҷики ватандӯст саволи “Барзу кист?”-ро ҳамеша такрор кунад…

Вақте аз тоҷикон ба унвони “гастарбайтер”, “наркокурьер”, “дузду авбош” ном мебаранд, мо бо эҳтиром бояд садо баланд кунем. Мо Барзу дорему намоишномаҳояш дар Бишкек, Остона, Питер, Минск, Париж…гузошта шудаву ҷоизаҳои баландтаринро соҳиб мешаванд…

Вақте “Ҷамшуду Равшан”-амон хондаву ба бесаводӣ маҳкумамон карданӣ мешаванд, бояд баландтар овоз барорем. “Барзу тоҷик аст” ё “Тоҷик Барзу аст”, ки тафаккур дораду бо андешаҳояш инқилоб мекунад… Вақте мегӯянд, тоҷикон дигар ҷасорат надоранд, бояд бо мушти обдори андешаҳои сахти Барзу ба даҳони онҳо зад…

Оре, мо медонем, ки ҳама Барзу нестем, аммо Барзу парчами номуси мост. Мое, ки ба қадри ӯ намерасем, аммо ӯву ҳама зиндагиаш барои мо равона шуда… Ёдам ҳаст, соли 2010 вақте “Имрӯз news”-ро омода мекардем, Барзуро ба кор даъват намудем. Аввал розӣ нашуд. Бо пешниҳоди сабабҳои мантиқӣ. Ба қавле дар рагҳои номусаш расидаму гуфтам, ки бояд аз ҳар имкон истифода бурд, агар барои ин мардум хизмате карданием.

Омад. Лоиҳаро пешниҳод кардам. Рӯзи душанбе дар як мавзӯъ андешаҳояшро менависад ва рӯзи ҷумъа ин андешаҳоро бо ягон шахсияти матраҳ баҳс намояд. Иқрор мешавам, бештари хонандаҳои аслиамон мегуфтанд, рӯзномаро маҳз барои матлабҳои Барзу мехонанд. Ин сӯҳбатҳо, ки бо шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифта буданд, наворбардорӣ ҳам мешуданд. Ҳоло бояд сабтҳояш низ ҳифз шуда бошанд, ки намунаи хунармандии ӯ дар журналистика буд.

Вале баъди ду моҳ Барзу омаду гуфт, “тамом, меравам!”. Ва боз ҳам мантиқи ин тасмимашро шарҳ доду гуфт, ки “бовар надорам ту ҳам муддати зиёд ин ҷо монӣ”. Пеш аз рафтанаш дар ҷои рубрикаи худаш бо ӯ “сӯҳбати сахт”-е анҷом додам. Ва воқеан, моҳе пас ман ҳам рафтам… Барзу як нафари пешбин низ ҳаст… Хулоса, агар ба саволи аввали худ посух ёфтанӣ шавем, мебинем, ки Барзу як ифтихор аст ва бо ӯ ошноӣ аз наздик ҳам…”

Барзу Абдураззоқов 19-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандони номии театру синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст.

Хатмкардаи шӯъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1980) ва шӯъбаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Маскав ба номи Анатолий Луначарский (1987) мебошад.

Зиёда аз 50 намоишномаҳоро дар мавзӯъҳо гуногун дар театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Олмон ва Русия ба саҳна гузоштааст. Намоишномаҳои “Роҳи дароз ба Макка”, “Муҳоҷирон”, “Чор дарвез”, “Тарма”, “Антигона” намунаи корҳои коргардонии Барзу Абдураззоқов мебошанд.

Дар ду филми истеҳсоли студияи “Тоҷикфилм” “Вақти алафи зард” ва “Мусофир” нақш офаридааст. Ҳамчунин, номбурда дар навистани филмномаҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дубляжи филмҳо саҳм дорад. Дорандаи унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001) мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here