18-уми майи соли равон, дидори ниҳоии Бундеслигаи олмонӣ байни дастаҳои “Бавария” ва “Айнтрахт” барои ҷоми Олмон сурат гирифт. Оиди ин сомонаи “Чемпионат” хабар медиҳад.

Дидор дар варзишгоҳи “Алянс-Арена”-и дастаи “Бавария”-и Германия сурат гирифта, аз ҳайати дастаи “Баварияи Мюнхен” голҳоро Кингсли Коман, Ренату Саншеш, Франк Рибери, Арйен Роббен ва муҳофизатгар Давид Алаба ба дарвозаи рақиб ворид намуданд. Аз дастаи меҳмонон бошад, Себастйен Аллер ягона голи дастаашро ба номи худ сабт кард. Ҳамин тавр, дидор бо ҳисоби 5 бар 1 ба нафъи мюнхениҳо анҷом ёфта, соҳиби ҷоизаи қаҳрамонҳои Олмон шуданд.

“Бавария” ба гирифтани 78 хол қаҳрамони Олмон ва “Айнтрахт”-и шаҳри Франкфурт-на-Майн ба гирифтани 54 хол дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.

Ин ҷоиза дар таърихи лига ба дастаи “Бавария” 29-ум маротиба буда, 7 маротиба пайиҳам сазовори он гардидаанд. Дастаи “Бавария” дар “Бундеслига”-и Олмон дар ҷойи аввал меистад. Дар ҷойи дуюм бошад, дастаи “Нюрнберг” (9 маротиба), Боруссияи Дортмунд дар ҷойи сеюм (8 маротиба) қарор доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here