Китоби нави нависанда ва файласуфи тоҷики муқими Қирғизистон Шоиста Равшан бо номи “Базми ишқу ҳусни ёр” дар шаҳри Душанбе рӯнамоӣ мешавад.

1-июни соли ҷорӣ, соати 10:00 дар китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯнамоии китоби “Базми ишқу ҳусни ёр” баргузор мегардад.

Китоби мазкур таронаҳо, хотираҳо, ёддоштҳо ва гуфторҳои пандомӯзи муаллифро фаро гирифта, аз ишқу отифаи инсонӣ, садоқату самимият ва андешаҳои фардонигари ҳаётӣ ҳикоят мекунад.

Муаллиф Шоистаи Равшан аз шаҳри Бишкек бо як ҷаҳон армуғон омадаанд, навиштааст дар сафҳаи фейсбукии худ шоир Бузургмеҳри Баҳодур. 

Гардонандаи маҳфил муҳаррири китоби зикршуда шоир Иброҳим Дӯстализода мебошанд.

Дар маҳфил адибону рӯзноманигорон ва сарояндагони хушовози тоҷик иштирок мекунанд. Ба иштирокчиён, бавижа фаъолону эҷодкорони ҷавон китоби зикршуда тӯҳфа карда мешавад.

Иштирок дар маҳфил озод аст!

Маълумотнома: Шоистаи Равшан узви Итифоқи нависандагони Ҷумҳурии Қирғизистон, муаллифи зиёда аз 55 асарҳои илмиву бадеӣ, ба монанди “Начало, не имеющее конца», «Рудаки – адам поэтов», повесть «Эльдос», инчунин муаллифи афороизмҳои «Бисерные мысли», «Плод просвещенности», «Гармония души», «Несокрушимый дворец», «Полет души», «Кувшин вина Хайяма», «Ода любви» ва ғайраҳо мебошад. Шоистаи Равшан бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ менависад. Инчунин, ӯ асарҳоро аз забони тоҷикӣ ба русӣ баргардон мекунад. Китобҳои навиштаи ӯ ба забонҳои русӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва хатти форсӣ тарҷума шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here