Соҳа Ниасти, ҳунарпешаи эронӣ дар 41-умин Фестивали байналмилалии филми Маскав ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро дар филми “Моя жизнь на втором курсе” (Ҳаёти ман дар курси дуюм) ба даст овардааст. Дар ин бора хабаргузории русӣ “РИА Новости” иттилоъ додааст.

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳо шоми рӯзи панҷшанбе, 25-уми апрел дар театри “Россия” баргузор гардида, ҷоизаро ба коргардони филм Расул Садрамели тақдим намудаанд.

“Ин аввалин кори ӯ аст. Ӯ бори нахуст дар филм нақш офарид ва ман хурсандам, ки ин филми ман аст. Интихоби ман хеле душвор буд”,-гуфтааст Расул дар саҳна ҳангоми гирифтани ҷоиза.

41-умин Фестивали байналмилалии филми Маскав аз 18-ум то 25-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар ин озмун 13 филм аз Эрон, Туркия, Русия, Италия, Чин ва дигар кишварҳо пешниҳод гардида буданд.

Фестивали байналмилалии филми Маскав – қадимтарин фестивал буда, аввалин маротиба соли 1935 баргузор гардид ва дар ин миён то соли 1959 таваққуф кард. Аз соли 1959 то соли 2000-ум фестивал дар ду сол як маротиба ва аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола баргузор мегардад. Президенти фестивал Никита Михалков мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here