Оҷонсии консертии олмонии “Berin Art Management” сарояндаи рус, Светлана Лободаро барои қатъи барномаи консертияш дар якчанд шаҳрҳои Олмон ба суд додааст. Дар ин бора санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ роҳбари оҷонсӣ Максим Берин ба сомонаи “РИА Новости” хабар додааст.

Берин мегӯяд, ки Лобода ба шаъну шарафи кории эшон зарари маънавӣ ва инчунин, ба буҷаи онҳо якчанд миллион зарари пулӣ овардааст.

Ташкилкунандагони консерт аз он дар ғазабанд, ки сароянда вақти сафарро вайрон намуда, ба консерт ҳозир нашудааст. Онҳо маҷбур шудаанд, ки маблағи зиёдеро барои иҷораи мошинҳо ва майдонҳои консертӣ пардохт намоянд.

Аммо продюсери Светлана Даря Бурлакова гуфтааст, ки оиди ба суд додани сароянда хабар надорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Оҷонсии консертии “Berin Art Management” соли 2003 дар Олмон таъсис ёфта, имрӯз яке аз оҷонсиҳои консертии аврупоӣ ба ҳисоб меравад. Ин ширкат дар Русия, Украина, Белорус, Изроил, Молдав ва Туркия филиалҳои худро дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here