Имрӯз дар фазои синамои кишвари мо зиёд силсилафилмҳои туркӣ ба забони тоҷикӣ ва русиву форсӣ тарҷума шуда, пешниҳоди дӯстдорони филмҳои туркӣ гашта истодаанд. Мухлисон ва дӯстдорони санъати турк ҳар ҳафта бесаброна интизори ба фурӯш баромадани ин ё он филми дӯстдоштаи худ ҳастанд. Имрӯз мо аҳли эҷоди сомонаи “Padida” тасмим гирифтем, ба шумо оиди ҳунарманде, ки он қадар филми зиёд надорад, аммо дар аксар филмҳояш нақши марказиро бозидаву на танҳо дар ҳудуди Туркия, балки дар Тоҷикистон низ мухлису маҳбубияти хоса дорад, Берк Атан маълумоти муфассал дода бошем. Берк Атан бо нақши Саваш аз филми “Духтарони Офтоб” (“Дочери Гюнеш”) ва Атиф аз филми “Дилам, тоб овар” (“Терпи, мое сердце”) бо мо ошност.

Берк ягона фарзанди хонадон буда, дар оилаи бисёр паҳновар ва бузург ба дунё омадааст. Бобояш, амакҳову аммаҳояш ва фарзандони онҳо, ҳама якҷоя бо оилаи Берк зиндагӣ мекарданд ва атрофи ӯро хешовандони бешумораш иҳота карда буданд. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар кӯдакияш зиқ намешуд, зеро писарамаку аммабачаҳояш кам набуданд. Ҳунарманд кӯдакии худро давраи тиллоии ҳаёташ унвон карда, худро охирин насле мешуморад, ки дар кӯча бузург шудааст.

Берк аз хурдӣ дилбохтаи футбол буд, зеро падараш дар ҷавонӣ яке аз фаъолтарин бозингари дастаи “Бешиктош” ба ҳисоб мерафт. Писар ҳам ба падар пайравӣ намуда, худро дар оянда футболбоз дидан мехост. Аммо бо гузашти вақт нақшаҳои Берк иваз шуданду ӯ ба саҳнаи ҳунар рӯ овард ва футбол ҳамчун шуғли дӯстдоштааш боқӣ монд. Ба ӯ дӯстонаш пешниҳоди модел шуданро карданд ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Соли 2011 бори аввал дар лоиҳа-озмуни “Беҳтарин модели Туркия” (“Best Model Türkiye”) иштирок намуда, барои иштирок дар соли оянда роҳхат гирифт ва соли 2012 дар озмуни “Беҳтарин модели дунё” (“Best Model World”) ғолибият ба даст овард.

Худи Берк аз хурдӣ дилбохтаи ҳунари Том Круз ва Майкл Дуглас буд. Онҳо барои Берк нафарони аҷиб ва нотакрор буданд, ки ҳамаи филмҳои онҳо нақшофаридаро тамошо карда буд. Ҳунарманд нақша дорад, ки то охир ҳунари худро ишкишоф диҳад ва дар саҳна бимонад. Ӯ мегӯяд, ки акнун замоне расидааст, ки ба омӯзиш нуқта гузорам ва худро ҳамчун ҳунарманд муаррифӣ созам, зеро ман ҳам таҷрибаи кории сенздаҳ сола дорам.

Берк ҳамарӯза бо дӯсти наздикаш Юсуф Ҷим, ки ӯ ҳам ҳунарманд асту бо Берк дар як рӯз таваллуд шудаанд, ба варзиши навъи баскетбол, обутоби бадан (фитнес) ва тениси рӯимизӣ машғул мешаванд. Ба толори варзишӣ рафтанро ниҳоят дӯст медоранд ва ҳар рӯз қариб 2 соат вақти худро барои обутоби бадан сарф менамоянд. Ба ақидаи Берк варзиш ба нерӯи инсон нерӯ зам мекунад.

Берк ҷавонест ҳамеша ба худ боварӣ дорад. Замони хатми мактаби миёна пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳатман ҳунарманд мешавад. Барои гирифтани маълумоти актёрӣ аз Измир ба Истамбул омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи актёрии Донишгоҳи Бейкент супорид. Ӯ чунин меҳисобад, ки ҳама чиз метавонад дар як мижа задан тағйир биёбад, ба ҳамин хотир инсоният бояд ба ҳама ҳолат омода бошад.

Дар ҳоли ҳозир ишқ ба рӯйхати машғулиятҳои Берк дохил нест. Ӯ ҳоло 28 сола аст ва бо ишқу муҳаббат алоқамандие надорад. Дар ин бобат ӯ ҳамаро ба тақдир ҳавола кардааст. Ӯ мегӯяд, ки дар ҷустуҷӯи нафари ягона солҳои зиёдро аз даст медиҳӣ, аммо мешавад ҳолате, ки ҳамон нафари дӯстдошта худаш фардо саҳар пайдо мешавад. Барои ӯ дар кадом сатҳ қарор доштани духтар, сарватманд ё камбағал буданаш, чӣ гуна сару либос доштанаш ва қаду қомати ӯ ҳеҷ аҳамияте надорад. “Муҳаббат ҳаёти инсонро рангин месозад, вале ман бе муҳаббат зиндагӣ карда метавонам”,-гуфтааст ҳунарманд дар яке аз мусоҳибаҳояш.

Миёни мухлисони ҳунарманд овозае паҳн гардид, ки гӯё Берк бо менеҷери худ Симне Бирбян вомехӯранд, аммо Берк овозаҳоро рад карда, ин муносибатҳоро дӯстона маънидод кард. Дуруст будан ё набудани ин овоза маълум нест. Хабари дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки онҳо тӯли чанд моҳ бо ҳам муносибатҳои наздик доштаанд. Пас аз ин овозаҳо Симне ҳамкории худро бо Берк қатъ кард ва ҳунарманд барои худ менеҷери нав пайдо намуд. Инчунин, замони донишҷӯ буданаш низ овозае паҳн шуда буд, ки ӯ бо ҳамкурсаш Сим Оклар ишқварзӣ мекунад.

Соли 2018 Берк эълон кард, ки донишгоҳро хатм кардааст ва ба хизмати ҳарбӣ меравад, зеро синну солаш ҳам ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ шуда буд. Хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Туркия, дар шаҳри Амася адо кардааст.

Берк соли 2013 дар филми “Ҳама бо тартиб, марказ” (“Все в порядке, центр”) нақши Салчуқро, солҳои 2015-2016 дар силсилафилми “Духтарони Офтоб” (“Дочери Гюнеш”) нақши Савашро, соли 2017 дар силсилафилми “Дилам, тоб овар” (“Терпи, мое сердце”) нақши Атифро бозидааст. Пас аз филми “Дилам, тоб овар” (“Терпи, мое сердце”) ӯро ба филми “Ашкҳои Ҷаннат” (“Слезы Дженнет”) даъват намуданд.

Замоне ки Беркро барои нақшофарӣ ба силсилафилми “Духтарони Офтоб” (“Дочери Гюнеш”) даъват намуданд, ӯ аз ин таклиф ниҳоят шод гашт, зеро дар рафти наворбардории ин филм ӯ бисёр чизҳоро меомӯхт ва дар радифи Кемре Кинай ва Толга Салиташ нақш офаридан барояш гуворо буд. Берк бо онҳо берун аз саҳнаи наворбардорӣ муносибати дӯстона дошт ва аз таҷрибаи бисту панҷ солаи Кемре дар соҳаи синамо таълим мегирифт.

Айни ҳол ӯ банди корҳои эҷодӣ буда, аз навгониҳои эҷодиву оилавияш дар саҳифаи Инстаграми худ ба мухлсионаш хабар медиҳад.

Маълумотнома:

Ному насаб: Берк Атан (Berk Atan)

Рӯз, моҳ ва соли таваллуд: 26-уми сентябри соли 1991

Синну сол: 28 сола

Ҷои таваллуд: шаҳри Измири Ҷумҳурии Туркия

Қад: 188 см

Бурҷ: Мизон

Касб: ҳунарпеша ва модел

Вазъи оилавӣ: муҷаррад

Мавод бо такя ба сомонаҳои интернетӣ омода шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here