Дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе боз як макони нави фарҳангӣ – “Боғи Куруши Кабир” ба истифода дода хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар”.

Тибқи иттилои манбаъ, дар бораи номгузории ин макони нави фарҳангӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тавсиб расидааст.

Боғи мазкур дар шафати бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар масоҳати 4 гектар бунёд гардида, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки дар боғ муҷассамаҳои рассоми машҳури тоҷик Камолиддини Беҳзод ва Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова гузошта шавад.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here