Кӣ бонуи зеботарини ҷаҳон дар соли 2019 аст? Инак, рӯйхати даҳгонаи зеботарин бонувони ҷаҳон омода аст. Дар рӯйхат ҳамонҳое роҳ ёфтаанд, ки ҷасур, доно, марғуб, машҳур, ҷаззоб ва аз ҳама пешқадам дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Таваҷҷӯҳ намоед!

1.Ҳенде Эрчел

Ҳанде Эрчел (Hande Erçel), ҳунарпеша ва модели 25 солаи турк дар садри рӯйхати зеботарин бонувони ҷаҳон 2019 қарор дорад. Аз соли 2013 инҷониб ба қатори зеботарин бонувон шомил аст. Инчунин, ӯ яке аз ҳунарманди фаъол ва боистеъдоди Туркия ба ҳисоб меравад.

 

2.Лиза Соберано

Лиза Соберано (Liza Soberano), ҳунарманд ва модели филиппинӣ-амрикоӣ дар ҷои дуюми рӯйхати мо қарор дорад. Зеботарин ситораи ҷавони филиппинӣ буда, ба рӯйхати чеҳраҳои зебои дунё шомил аст. Фаъолияти эҷодии худро аз нақшофарӣ дар якчанд филмҳои телевизионӣ шурӯъ намудааст.

 

3.Селена Гомес

Селена Гомес (Selena Gomez), ситораи собиқи ширкати “Disney” мақоми сеюмро миёни зеботаринҳо касб кардааст. Селена имрӯз ба ҷавонзани зебову дилкаш мубаддал гаштааст. Яке аз зеботарин овозхон ба шумор рафта, фаъолияти худро дар созмонҳои хайриявӣ давом дода истодааст. Инчунин, яке аз чеҳраҳои машҳури Инстаграм дар ҷаҳон буда, барандаи чандин ҷоизаҳои мусиқавӣ мебошад.

4.Ана де Армас

Ана де Армас (Ana de Armas), ҳунарпешаи кубӣ-испанӣ дар зинаи чоруми рӯйхат қарор дорад. Ҳоло ӯ дар Ҳолливуд кору фаъолият дорад ва яке аз хонумони ҷаззоб ба шумор меравад. Ӯ дар Куба таваллуд ва ба воя расида, бо воситаи бобову бибии модарияш худро шаҳрванди Испания кардааст.

5.Дипика Падуконе

Дипика Падуконе (Deepika Padukone), ҳунарпешаи аз ҳама гаронарзиши Болливуд дар ҷои панҷуми даҳгонаи бонувони зеботарини ҷаҳон 2019 меистад. Қаду қомати мавзун, табассуми зебо ва чашмони шаҳлояш ӯро ҳамеша аз дигар ситораҳои Ҳолливуд ва Болливуд ҷудо мекунад. Нахустин нақши Дипика дар Ҳолливуд дар филми ҷангии “xXx:Return of Xander Cage” якҷоя бо Вин Дизел рӯи навор омадааст.

6.Им Ҷин Аҳ

Им Ҷин Аҳ (Im Jin Аh), ки бо тахаллуси саҳнавии Нана машҳур аст, мақоми шашумро дар рӯйхати зеботаринҳо касб кардааст. Аъзои собиқи гурӯҳи “K-pop After School” ба ҳисоб меравад. Моҳи июни соли 2015 дар Чин ҳамроҳ бо Ариэл Лин, Вик Чжоу ва Чен Болин филми “Go Lalal Go 2”-ро ба навор гирифтаанд. Панҷ маротиба паиҳам (солҳои 2014, 2015, 2016, 2017, 2018) дар рӯйхати 100 чеҳраи зебои мунаққидони мустақил ҷои аввалро гирифтааст.

7.Приянка Чопра

Приянка Чопра (Priyanka Chopra), собиқ Хонуми ҷаҳон дар зинаи ҳафтуми рӯйхат қарор дорад. Тибқи назарсанҷии ҳафтаномаи англисии чопи Лондон “Eastern Eye” “Бонуи шаҳватангезтарини Осиё” дар соли 2018 эътироф шудааст. Яке аз чеҳраҳои машҳури Болливуд ба ҳисоб рафта, дорандаи ҷоизаҳои зиёд мебошад. Соли гузашта ӯ аввалин зане аз Осиёи Ҷанубӣ буд, ки дар филми “Квантис”-и истеҳсоли Амрико нақши асосиро бозида буд.

8.Кэтрин Лэнгфорд

Кэтрин Лэнгфорд (Katherine Langford), ҳунарпешаи 23 солаи австралӣ дар ҷои ҳаштуми рӯйхати мо қарор дорад. Ӯ дар шаҳри Перти Австралия ба дунё омада, фаъолияти худро аз соли 2015 оғоз намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна қарор дод, ки ҳунарпеша шавад. Лекин ягон мактаби актёрӣ ӯро қабул намекард, зеро бисёр ҷавон буд ва дар зиндагӣ таҷрибаи кофӣ надошт.

9.Лин Юн

Лин Юн (Lin Yun), ҳунарманди чинӣ ишғолкунандаи мавқеи нӯҳум дар рӯйхат мебошад. Юн дар кишвари худ ҳунарманди машҳур буда, дар чандин филмҳо нақш бозидааст. Ӯро бештар аз нақши асосӣ дар филми “Русалка” мешиносанд.

 

 

10.Эмилия Кларк

Эмилия Кларк (Emilia Clarke), ҳунарпешаи англис дар зинаи охирон, яъне даҳуми рӯйхат қарор дорад. Ҳоло ӯ 32 сола аст ва яке аз ситораҳои шинохтаи филми машҳури “Игры престолов” ба ҳисоб меравад. Фаъолияти эҷодии худро аз соли 2009 оғоз намудааст. Ғайр аз ҳунарпешаи машҳур буданаш, инчунин, ба корҳои хайриявӣ низ машғул аст.

Маводи мазкур бо такя ба сомонаи “Wonderslist” омода шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here