Рӯзҳои наздик таронаи Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи кишвар бо сарояндаи номии ӯзбек, Юлдуз Усмонова пешкаши мухлисони ин ду ҳунарманд хоҳад гашт.

Аз аксҳо ва наворҳои дар саҳифаи Инстаграм нашр намудаи Шабнами Сурайё маълум мегардад, ки овозхон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад ва ин дуэт низ дар ҳамон ҷо сабт шудааст.

“Салом азизам! ИншоАллоҳ ба наздикӣ оҳанги дугонагии мо ҳамроҳи шоҳи санъат Юлдуз Усмонова пешкаши шумо мегардад”,-навиштааст Шабнами Сурайё дар саҳифаи Инстаграми худ.

Маълум нест, ки суруд бо забони тоҷикӣ сабт шудааст ё ӯзбекӣ, вале мухлисон дар шарҳи хабар навиштаанд, ки Шабнам бо забони ӯзбекӣ ва Юлдуз бо забони тоҷикӣ сароидаанд.

Барои гирифтани маълумоти бештар мо хоҳиши бо менеҷери Шабнами Сурайё тамос гирифтанро намудем, вале кӯшиши мо бенатиҷа анҷомид. Дар ҳоли пайдо намудани маълумоти нав ба шумо хабар хоҳем дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here