Ҳунарманди машҳури амрикоӣ Брэд Питт аз мубориза барои гирифтани ҷоизаи “Оскар-2020”, ки ҳамасола ба беҳтаринҳо супорида мешавад, даст кашид.

Хабаргузории РИА “Новости” менависад, ки ҳунарманд ба муваффақияти филмҳои охиринаш “Замоне…дар Ҳолливуд” ва “Ба ситораҳо” нигоҳ накарда, аз гирифтани ҷоизаи “Оскар-2020” даст кашидааст.

“Эҳтимол меравад, ман аз гирифтани ин ҷоиза худдорӣ кунам. Албатта, ба даст овардани ҷоиза хуб аст, аммо касе намедонад, ки маро интихоб мекунанд ё не”,-гуфтааст ҳунарманд дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ҳамчунин, ҳунарманд афзудааст, ки ба ӯ чунин ҳайкалчаҳои бонуфӯз лозим нестанд ва кӯшиш мекунад, ки аз гирифтани онҳо худдорӣ намояд. Барои ӯ комёбии филм ва қабули гарми мухлисон аз ҳама муҳимтар аст.

Брэд Питтро панҷ маротиба (ду маротиба ҳамчун ҳунарманд ва се маротиба ҳамчун коргардон) барои гирифтани ҷоизаи “Оскар” пешниҳод кардаанд ва ӯ танҳо як маротиба соли 2014 барои продюсерии филми “12 соли ғуломӣ” ҷоизаи мазкурро гирифтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here