Ҳаводорони силсилафилмҳои туркӣ дар Тоҷикистон овозае паҳн намудаанд, ки гӯё Бурак Озчивит, ки қарор буд бо Моҳпайкар Ёрова якҷоя дар филми таърихие нақш офарад, бозӣ бо ин ҳунарпешаро рад кардааст.

Гӯё ӯ ба Тоҷикистон омада, барои худ “модар” интихоб мекардааст.

Сомонаи “Padida” барои тасдиқи овозаи мазкур бо Моҳпайкар Ёрова тамос гирифт. Моҳпайкар дар сӯҳбати телефонӣ ин овозаро рад кард ва гуфт:

“Ин овозаҳо ҳақиқат надоранд. ИншоОллоҳ фасли тобистон наворбардории филм шурӯъ мегардад ва нақши “маликаи форс”-ро банда иҷро мекунам.”

Ёдовар мешавем, ки оғози моҳи марти соли ҷорӣ ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик Моҳпайкар Ёрова ба шаҳри Истамбули Туркия сафар намуда, барои иҷрои нақши “маликаи форс”  дар як силсилафилми нав дар озмун иштирок намуд ва пирӯзӣ ба даст овард.

Дар озмун ҳунармандон аз кишварҳои гуногуни олам иштирок доштанд, вале ҳунару истеъдоди Моҳпайкар ҷои аввалро сазовор гардид ва иҷрои нақши “маликаи форс”-ро, ки орзуи деринаи ҳунарманд ба ҳисоб меравад, ба ӯ бовар намуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here