Ҳунармандони машҳури синамои турк, Бурак Озчивит ва Фахрия Эвҷен соҳиби писарча шудаанд. Дар ин бора бахши шоу бизнес ва ситораҳои сомонаи “Турция для друзей” хабар додааст.

Навзод санаи 14-уми апрел бо вазни 3,6 кг ва 52 см қад таваллуд шудааст. Ба дунё омаданаш пеш аз мӯҳлат бошад ҳам, табибон ҳолашро хуб арзёбӣ кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо тифл бояд санаи 20-уми апрел ба дунё меомад.

Ҳунармандони шинохта соҳиби фарзанд шудани худро аз касе пинҳон накарда, чанде қабл ба рӯзноманигорон гуфта буданд, ки интизори писарча ҳастанд ва номаш низ омода аст. Бурак ва Фахрия ба тифли худ Каран ном ниҳодаанд, ки ба забони туркӣ маънои қаҳрамонро доштааст.

Бурак Озчивит ва Фахрия Эвҷен ҳанӯз санаи 29-уми июни соли 2017 оиладор шуда буданд ва Каран нахустфарзанди онҳост. Тӯйи онҳо дар шаҳри Истанбул бо иштироки зиёда аз 500 меҳмон баргузор гардида буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here