Гоар Аветисян, ороишгари номии арманӣ, ки айни ҳол дар Русия кору фаъолият дорад, дар барномаи “Пятница с Региной” иштирок намуда, оиди зиндагии шахсӣ ва нақшаву ниятҳои ояндааш сӯҳбат оростааст. Барномаи мазкур санаи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар канали “Регина Тодоренко” дар шабакаи YouTube пахш гардидааст.

 Гоар дар рафти барнома аз сиру асрори оилавияш, ки то ин дам барои касе равшан набуд, қисса карда, қайд намуд, ки бо шавҳараш дӯст буданд ва пас аз ҷудо шудан низ бо ҳам дӯст хоҳанд монд.

“Се сол қабл то издивоҷ ман бо шавҳарам дӯст ва ҳамеша дар алоқа будем. Дар байни ду моҳ мо қарор додем, ки бо ҳам оила барпо намоем. Лекин дар давоми ду соли зиндагиямон мо фақат дӯст будему ҳар кадоме барои худ зиндагӣ мекардем. Оилае, ки дар он танҳо дӯстӣ аст, оила буда наметавонад”,-гуфтааст Гоар дар сӯҳбат бо Регина.

 Инчунин, ӯ иброз намуд, ки ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва моҳи сентябр дар чаҳор иёлоти Амрико дарсҳои омӯзишии (мастер класс) худро баргузор менамояд.

Гоар Аветисян 4-уми июли соли 1993 дар шаҳри Мартунии Ҷумҳурии Арманистон ба дунё омадааст. Ҳанӯз Гоар як сола буд, ки оилаи онҳо ба шаҳри Маскав кӯчиданд ва ӯ то ҳол дар он ҷо кору зиндагӣ дорад. Маврид ба ёдоварист, ки тобистони соли гузашта Гоар меҳмони Душанбешаҳр буд ва барои ҳаводоронаш малакаву маҳорати худро нишон дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here