Афзалшоҳ Шодиев, сарояндаи халқии ҷумҳурӣ сабаби ба таъхир афтодани барномаи консертияш дар шаҳри Хуҷандро тариқи телевизионҳои маҳаллӣ шарҳ дода, аз мухлисонаш узр пурсидааст.

Қарор буд, барномаи консертии овозхон санаҳои 30-юми апрел ва 1-уми майи соли ҷорӣ дар толори Қасри ҷавонони ба номи Л.Шералии шаҳри Хуҷанд баргузор бигардад. Аммо ин санаҳо ба 11 ва 12-уми май иваз карда шуданд.

“Дар ин миён маро лозим омад, ки бо сафари хизматӣ ба Олмон парвоз намоям. Барои ин ҳолати ногаҳонӣ аз тамоми мухлисонам узр мепурсам. Санаҳои 11 ва 12-уми май ман ҳамаи онҳоро интизорам”-гуфт овозхон дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida”.

Ташкилкунандагони барномаи консертии овозхон гуфтаанд, нафароне, ки чиптаи консертро барои рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май харидорӣ намудаанд, метавонанд бо он ба консерти рӯзҳои 11 ва 12-уми май омада, иштирок намоянд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here