Санъати мусиқии Шашмақом ҳамчун як рукни асосии мероси фарҳангии тоҷикон таърихи зиёда аз ҳазорсола дошта, шоҳкориест, ки назирашро пайдо кардан номумкин аст. Шашмақом садоест, аз олами ишқу ирфон, ки дар он ишқи пок, фалсафаи зиндагӣ ва маърифати он, арзишҳои ботинии инсону зебоии табиат таҷассум ёфтааст. 

Мусиқии Шашмақом дар замони Шӯравӣ қариб асолати худро аз даст дода буд. Танҳо баъди Соҳибистиқлол шудани кишвар Шашмақом аз тарафи Ҳукумат ҳамчун як рукни асосии фарҳанги ниёгони тоҷикон шинохта шуд ва бо ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 12-уми майи соли 2000-ум таҳти № 294, 12-уми май санаи таҷлили ҳарсолаи Рӯзи Шашмақом муайян гардид. Ҳамчунин, бо Қарори ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО Шашмақоми тоҷикон чун мероси беназири фарҳангии башарият эътироф шуд.

Бо назар ба ин ҳама иқдоми нек баҳри пойдориву рушди Шашмақом он то ҳол мақому манзалити пешинаи худро дар байни мардум касб накардааст. Ҳоло қисми ками мардуми тоҷик Шашмақом гӯш мекунанд, ки асосан зиёиён ва калонсолон мебошанд. Аммо саволҳое ба вуҷуд меоянд, ки чаро танҳо зиёиёну калонсолон Шашмақом гӯш мекунанд, аммо ҷавонон ва мардуми оддӣ не?! Чаро ҷавони тоҷик забони хориҷиро намефаҳмаду мусиқии хориҷӣ гӯш мекунад, вале Шашмақомро, ки бо забони модариаш суруда шудааст, намеписандад? Чаро бархе инсонҳо ба хотири “замонавӣ шудан” аз мероси фарҳангии ниёгони хеш рӯй мегардонанд?!

Муҳити имрӯзаи мусиқии моро оҳангҳои бегона иҳота намудааст. Аз ҳар кӯчаи шаҳр чун бигзарӣ, садои мусиқии бегона ба гӯш мерасад. Бахусус, аз радиову телевизионҳо (хоса мустақил), ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, мағозаҳо, сартарошхонаҳо ва монанди инҳо. Агар боре хоҳед, барои харидани фиттаи оҳангҳои Шашмақом ба мағозаи фитафурӯшӣ биравед, як фиттаи Шашмақомро пайдо кардан душвор аст. Ҳатто, баъзе ҳолатҳое шудааст, ки ба фурӯшанда гӯйед, ки як фиттаи Шашмақом диҳад, вай чанд фиттаи хонандаҳои сурудҳои халқиро пешниҳод мекунад. Гумроҳӣ ва бехабарӣ то ҳамин ҳад расидааст, ки фолклорро аз шашмақом фарқ карда наметавонем.

Барномаҳои мусиқавии садову симои кишвар бештар оҳангҳои хориҷиро пахш мекунанд. Аҳён-аҳён дар садову симои давлатӣ оҳангҳои Шашмақом садо медиҳад, ки ки вақти пахши он низ қариб ҳамаи мардум дар хобанд. Садову симои мустақили мо оҳангҳоеро пахш мекунанд, ки умуман ба фарҳанги мардуми тоҷик созгор нест. Тарафдори он нестем, ки оҳангҳои хориҷӣ тамоман пахш нашавад, хоҳони онем, фақат беҳтаринҳо, дорои мазмуну оҳанги баланд садо диҳанд ва афзалият ба мусиқиҳои асили тоҷикӣ дода шавад, ба монанди Шашмақом ва Фалак. Имрӯз кам ҷавоне пайдо мешавад, ки дар телефони ҳамроҳаш чанд оҳанги калассикӣ, хусусан, Шашмақому Фалак сабт карда бошаду гӯш кунад. Агар ду-се соли оянда ҳамин гуна фазои мусиқии моро оҳангҳои хориҷӣ пур кунанд, эҳтимол, умуман мардум аз оҳангҳои классикии худ бехабар мемонанд ва гӯш ҳам накунанд. Инсонҳое, ки Шашмақом гӯш медиҳанд, аз хислатҳои бад орӣ мемонад ва сатҳи маърифаташон баланд мешавад, хоса ҷавонон.

Шашмақом дар гузашта зиннатдиҳандаву гармкунандаи маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ буд, аммо ҳоло то андозае аз маҳфилҳо ва чорабиниҳои идонаи мо дур мондааст. Чорабиноҳое, ки бахшида ба идҳои бузурги мо дар боғҳову кохҳои пойтахт гузаронида мешаванд, боре як оҳанги Шашмақом садо намедиҳад. Иди бузурги мо, Наврўз, ки дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт таҷлил мешавад, боре ҳам дар барномаҳои онҳо як оҳанги Шашмақом ба гӯш намерасад. Бо вуҷуди он ки чандин оҳанги Шашмақом ба Наврӯз бахшида шудааст. Чаро Шашмақоме, ки чароғи маҳфилҳову оромбахши рӯҳи инсонҳо буд, кунун дар чашми мардум ба як мусиқии қадимаи берӯҳ табдил ёфтааст? Сабаб ин ҷост, ки мо дидаву дониста худро аз шоҳкории ҷонбахши меросиамон канор кашида истодаем. Бархе бар он ақидаанд, ки оҳангҳои Шашмақомро мардум намеписанданд, ба ҳамин хотир бештар оҳангҳои хориҷӣ суруда мешавад. Агар қонуну қоида ва як чорчӯбаи муайяни фарҳанги миллӣ набошад, ҷомеа дар муддати кӯтоҳ бенизом мешавад ва оқибат нобуд мегардад. Моро дар массири таърих чандин бор аз фарҳангу тамаддуни хеш дур карданд ва ба ҳар роҳ фарҳангу тамаддуни худро ба мо таҳмил карданд. Аммо мо имрӯз озодем, ҳеҷ таҳдид ва қувваи берунӣ нест, ки нагузорад мо фарҳанги худамонро дошта бошем. Миллатро бо фарҳангу таърихаш мешиносанду эътироф мекунанд ва тақозои замон он аст, ки мо бояд фарҳаги аҷдодиамонро аз хатарҳои замон эмин нигоҳ дорем.

Шашмақом чун Наврӯз ва дигар мероси фарҳангии тоҷикон дар тӯли мавҷудияташ ба марҳилаҳои зиёди нобудшавӣ рӯбарӯ гардидааст. Аз юнониву араб то муғулу турк ба хоки сарзамини мо ҳуҷум карданд, қисми бештари осори фарҳангиамонро сӯхтанду нобуд карданд ва бахше аз онро бо худ бурданд. Вале Шашмақом, чун аз азал дар рагу рӯҳи тоҷикон ҷой дошт, аз байн нарафт, ҳатто ғосибон онро эътироф карданд ва имрӯз ҷузъе аз фарҳанги худ меҳисобанд. Бо шарофати нафаси ҷонбахши Истиқлолият ва иқдомҳои наҷиби сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Шашмақом ҳамчун як рукни фарҳанги беназири тоҷикон умри дубора бахшида шуд. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои хеш Шашмақомро чунин баҳо додаанд: “Шашмақом ин ҷаҳони мо, забони мо, фарҳанги мо ва ҳастии мост”. Воқеан, ҳастии ҳар миллат аз забону фарҳанги кӯҳани он вобаста аст. Ҳам забон ва ҳам таъриху тамаддуни мо, тоҷикон дар Шашмақом сабт шудааст.

Имрӯз рисолати ҳар яки мост, ки бояд мероси фарҳангии гузаштагонамонро бишносем ва ҳифз намоем. Аз Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва оромиву озодии Ватани азиз самаранок истифода намуда, миллату меҳани худро бо таърихи кӯҳан ва фарҳанги волояш ба оламиён муаррифӣ кунем.

Абдурозиқ Абӯнасрзода, донишҷӯйи 
факултаи рӯзноманигории ДМТ

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

1 шарҳ

  1. Ахсан бисёр мавзуи доги руз аст. Мо худшиносони аз хеш бегона кай кадри чунин санъати волоро медонем. Тарс аз он дорам ки инро хам мисли сарзаминамон аз дастамон кашида мегиранд.

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here