Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ рӯзҳои наздик намоишномаи ҷадид ба саҳна гузошта хоҳад шуд. Дар ин бора сомонаи АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, намоишномаи нав “Чашмаи Роғун” унвон дошта, ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми НОБ-и Роғун бахшида шуда, нахустнамоиши он рӯзҳои наздик дар назар аст.

Коргардон-таҳиягари либретто, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов мақсади таҳия намудани либретторо дастгирии ташаббусҳои Пешвои миллат ба ҳифзи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намудааст.

“Мо либреттои мазкурро таҳия намуда, зимни он мехоҳем ба мардум ҳушдор диҳем, ки ҳар як қатраи обро поку бегазанд нигоҳ доранд»,-гуфтааст Адҳам Холиқов.

Дар таърихи театри тоҷик ҳунармандон бори аввал дар саҳна нақши ашёҳои табиатро мебозанд ва ин аз онҳо ҳунару маҳорати зиёдро талаб мекунад, зеро бозидани нақши тундбод, харсанг ва чанор кори саҳл нест.

Ёдовар мешавем, ки муаллифи тибретто Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ буда, оҳанг моли оҳангсоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here