Қаду қомати боло ва андоми назаррабо як қисми зебоӣ барои ҳар як фард ба ҳисоб меравад. Вале мутаассифона баъзе нафаронро паст будани қад рӯҳафтода мекунад, ки ин мушкилӣ ҳалшаванда аст.

Баланд ё паст будани қади мо пеш аз ҳама аз оилаи мо сарчашма мегирад, ки инро ирсият ё ба истилоҳ генетика мегӯяд. Генетика як соҳаи илми биология буда, ирсият ва тағйири организмҳоро меомӯзад. Яъне, агар дар оилаи нафарони қадашон паст ба дунё омада бошед, шумо низ дар оянда ба мисли гузаштагони худ қадпаст мешавед, ки аз ин ҷои гурез нест.

Баъдан истеъмоли нодурусти ғизо ва аз ҳад зиёд хӯрдан ба афзоиш наёфтани қади мо сабаб шуда метавонад. Дар ҳолати пурхӯрӣ ва зиёд шудани вазн мушакҳо ва устухонҳо баъзан вазифаи худро дуруст иҷро карда наметавонанд. Дар поёнтари матлаб мо ба шумо рӯйхати маҳсулотҳои фоидарасонро номбар хоҳем кард.

Ниҳоят, омили дигари наафзудани қомати мо ин ба варзиш машғул нашудан мебошад. Варзиш гарави саломатӣ буда, дар баробари ин қадро баланду чеҳраро шукуфон мекунад. Барои баланд шудани қомат шумо метавонед, ки ба варзиши навъҳои шиноварӣ, воллейбол, баскетбол машғул шавед ва муддати дароз дар “турник” овезон шудан ҳам ба шумо кӯмак мерасонад.

Акнун таваҷҷӯҳ кунед, ки чӣ гуна маҳсулотҳо метавонанд қомати шуморо мавзун ва андомро назаррабо гардонанд. Дар навбати аввал истеъмоли мағзи чормағз, писта, бодом ва ғайраҳои дигар кӯмак карда метавонанд. Инро дар давоми рӯз, ҳатто дар вақту соати номуайян ҳам истеъмол карда метавонед.

Тухм низ ба шумо ёрӣ мерасонад, то қомати шумо ҳарчӣ зудтар ба боло қад кашад, зеро таркиби он аз сафедаҳо, калсий, калий ва витаминҳои В12, А ва D бой мебошад. Тухмро дар шакли обпаз истеъмол намоед, муфидтар аст.

Ярмаи ҷави русӣ ё ба истилоҳ “каша” беҳтарин ва муфидтарин ғизо барои нафаронест, ки мехоҳанд сарвқомат бошанд. Беҳтараш “каша”-ро саҳаргоҳон истеъмол кунед. Яъне, дар ҳолате, ки шумо сахт гурусна ҳастед ва ба хӯрдании зиёд эҳтиёҷ доред. Дар ин маврид таъсири ярмаи ҷави русӣ барои баланд шудани қад зиёдтар аст.

Дар баробари ҳамаи ин истеъмоли маҳсулотҳои ширӣ шуморо зудтар ба орзуятон мерасонад. Шир, ҷурғот, қаймоқ, панир ва дигар намуд маҳсулотҳои ширӣ, ки дар таркиби худ зиёдтар калсий доранд, барои афзоиши қад кӯмак мерасонанд.

Дар охир ба шумо истеъмоли ҳарчӣ бештари оби мусаффоро тавсия медиҳем. Муҳимтарин ҷузъ барои на танҳо нафароне, ки мехоҳанд қоматбаланд бошад, балки барои кулли одамон истеъмоли дар як рӯз 2 литр об фоидаовар мебошад. Онро дар ҷои чашмрас гузоред ва ҳар лаҳза аз он бинӯшед.

Дар фарҷоми матлаб як ҳисоби арифметикиеро ба шумо пешниҳод менамоем, ки мувофиқи он шумо метавонед қаду қомати фарзанди ояндаи худро пешакӣ муайян намоед. Таваҷҷӯҳ фармоед:

Агар дар оила қади модар ба ҳисоби миёна 170 см бошаду қади падар 182 см, ҳардуи онро ба ҳам ҷамъ мекунем ва натиҷа ба 352 см баробар мешавад. Акнун ин шумораро ба ду қисм тақсим мекунем ва адади 176 ҳосил мешавад. Барои пешгӯӣ кардани қади фарзанди ояндаатон шумо ба шумораи 176 адади 13-ро ҷамъ кунед. Шумораи 189 ҳосил мешавад ва қади писари шумо дар оянда эҳтимол ба 189 см баробар мешавад. Қади духтарро пешгӯӣ карданӣ бошед, аз адади 176 шумораи 13-ро кам кунед ва ҷавоби 163 ҳосил мешавад. Дарозии қади духтари шумо оянда 163 смро ташкил хоҳад дод.

Хулоса, ҳамааш дар дасти худатон аст. Агар барои шумо дароз будани қад ин қадар муҳим ва орзуи дерина аст, пас дуруст ғизо истеъмол намоед ва ба намудҳои варзише, ки дар боло зикр кардем, машғул шавед. Боварӣ дорем, ки ин маслиҳатҳои мо ба шумо то андозае кӯмак мерасонанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here